Оғози ҷамъоварии пахта дар Хатлон

Имсол дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 123 ҳазору гектар пахта кишт шудааст, ки наздики 100 дарсади дурнаморо ташкил мекунад. Бояд деҳқонон мувофиқи нақша то охири мавсим 298 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. 

Баҳодур Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки маъракаи ҷамъоварии пахта аз 15 августи соли ҷорӣ оғоз гардид. Ӯ мегӯяд, то имрӯз, 2 ҳазору 769 тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб 1 дарсади нақшаро ташкил мекунад.

Маъракаи ҷамъоварии пахта бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон оғоз карда шуд. Ӯ бо як сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пахта дар минтақаи калонтарини кишоварзии мамлакат, вилояти Хатлон шуруъ кард ва имрӯз, чиниши он муташаккилона идома дорад.    

Баҳодур Ҳасанзода афзуд, ки нақшаи кишти пунбадона дар вилояти Хатлон барои соли 2025 – ум 124 ҳазору 500 гектар муайян шуда буд Аммо дар маҷмӯъ дар майдони 123 ҳазору 037 гектар пунбадона кишт шудааст, ки 99, 5 дарсадро ташкил мекунад, – таъкид кард вай.

“Барои як гектар замин 24, 2 сентнер маълум шудааст. Ҳосили пахта дар саҳро хуб аст ва мо бовар дорем, ки имсол нақшаро пурра иҷро мекунем”,-гуфт манъаб.

 Бояд гуфт, ки соли гузашта аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии тиллои сафедро пурра иҷро карда натавониста буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *