Об дар хоб. Агар он набошад, ба зангир духтар намедиҳанд?

Рӯзи якшанбе. Гарчанде рӯзи истироҳат аст, маҷбур мешавам аз ҳавлӣ берун равам. Мехоҳам рӯйхати дар чорроҳаи деҳа насбшударо аз назар гузаронаму фаҳмам, ки навбати об кай бошад…

Дар чорроҳа моҷарост. Чанд нафар бо нишони эътироз ба сӯйи ҳамдигар дастак задаву суханҳои пасту баланд радду бадал мекунанд. Миёнашон пиру кампире, ки мардум онҳоро ҳамчун “оилаи баҳсоро” мешиносанд, “ситора” менамоянд.

— Ҳамин хел сустӣ кардан гир, навбати обатро ҳам кашида мегиранд!,- муроҷиат мекунад кампир ба пир.

Пир бомулоҳиза, ором-ором механдад ва мегӯяд:

— Вазнин шав, кампир, вазнин шав! Санги вазнинро об намебарад. Кам бошаду беғам бошад. Худоро шукр гӯ, ки мисли чанд соли пеш барои об мӯйканиву рӯйканӣ, ҳатто “белҷанг” намешавад.

— Ииии, ман мурам, о, ту барин тарсончакҳо барои оби худашон талош накунанд, аз куҷо “белҷанг” шавад!?,- паст намеояд кампир.  

Пир ҳамоно бепарво ва хирадмандона сухан мегӯяд:

— Шукр кардан даркор, ношукрӣ мезанад! Бубин, дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон беш аз ду ҳазор нафар ҳафтаҳо боз беобанд. Шабакаи 31-уми Қазоқистон хабар дод, ки ҳоло об тамоман вуҷуд надорад. Тахмин меравад, ки сабаби беобӣ фаъолияти корхонаҳои саноатии ҳамсоя аст. Шаштои онҳо дар наздикии ҳамин минтақа ҷойгир будаанд. Директори шабакаи обу корези «Кокшетау су Арнаси» Юрий Шенгалтс мардумро бовар кунонидааст, ки дархости сокинон дар бораи гузаронидани шохаи алоҳидаи қубури об барои корхонаҳо дида баромада мешавад. Барои ҳамин, сокинон бояд дар назди лӯлаҳо нишаставу омадани обро мунтазир шаванд.

— Эҳҳҳ, мӯсафеди содда-е! О, онҳо ку шашто корхона доштаанд, яъне мушкилияшон узрпазир аст. Аммо дар деҳаи мо ё наздикиҳоямон ягон корхона ҳаст? Не! Пас, агар ба гапи ту кунем, то вақти аз беобӣ мисли гӯши харгӯши “Барашка” хам шудани буттаҳои картошкаамон дар назди ҷӯйбор омадани обро интизор шуда мешинем!,- паст намеояд кампир ва сардтар нештар мезанад:

— Боз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор додааст, ки бо сабаби аз 42 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво шаҳрвандон бояд бештар об нӯшанд ва сабзавоту меваҷот бихӯранд. Э, балотона гирам, шумо барин мутахассисҳоро! О, ҳамон об набошад, сабзавоту меваҷот аз куҷо месабзаду бор меорад, ки мо бихӯрем!?

— Аз ҳад нагузарон кампир, аз худ нарав! Чӣ хел об набудааст, ки каму ғам не, дар зарфи шаш моҳ зиёда аз 50 нафар дар кӯлу дарёҳои кишвар ғарқ шудаанд. Бечора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чӣ кор кунад? Масъул нест, ки то дари даҳони ту об гузаронад! Кумита ғами кӯлу дарёҳо ва оббозии шаҳрвандонро хӯрад ё дар фикри ту бошад!?,- ба ғазаб меояд пири то ин дам орому бомулоҳиза.

Ин дам кампир андаке ором мешавад, аз ҷомаи ҷаҳл берун меояд ва бо мулоиматӣ мегӯяд:

— Бубахш, мӯсафед! Ман ҳам, дилам дард мекунад. Охир, наход ҳамин қадар захираи бойи об дошта бошему натавонем онро манфиатнок истифода барем!? Барои чӣ бештар хатҳои оби нӯшокиву зироаткориро фаъол намекунему ба хонаҳоямон ба қадри кофӣ об намекашонем? То кай набераҳоямон дар тағораҳо оббозӣ кунанду набераҳои дигарон дар кӯлу дарёҳо ғарқ шаванд!? Магар илоҷи мувозинат, яъне баробарҳуқуқии кӯдакони шаҳриву деҳотиро таъмин кардан имкон надорад? Оё соҳибкоре ёфт намешавад, ки созмони кӯлҳои шиновариро барои кӯдакон дар деҳот ба уҳда гирад?

Ҳанӯз пир ёрои сухан гуфтан накардааст, ки кампир бо ишора ба ҷӯйбори хушку холиву беоб илова мекунад:

— Ё дар ҳамин мавзеъ насби таблои “Оббозӣ кардан манъ аст!” мувофиқи матлаб аст?

Пир ҳам лаҳзае ба фикр фурӯ меравад ва андешаманд мегӯяд:

— Воқеан, кампир, навбати об аз кист, ки ҷӯйбор хушк аст?

Кампир ба рӯйхати дар дарахти ар-ар насбшуда дида медӯзад ва садо дармедиҳад:

— Мо ва Фазлиддин.

— Кадом Фазлиддин?,- савол медиҳад пир.

Ҳанӯз кампир посух надода, ман ба гап медароям:

— Ман.

— Ту ки бошӣ, даррав ба саргаҳи об рав! Ман дар ин синну сол қуввати миробӣ надорам дигар,- супориш медиҳад пир.

Ба саргаҳи об равон мешавам. Вақте мерасам, мебинам, ки марди ношиносе аз ҳамсоядеҳ тамоми обро ба ҷӯйбори деҳаи худашон сар додаву болои санге нишаста, суруд замзама дорад.

“Сифати одамӣ” гуфта, аввал салом медиҳам ва мулоим мегӯям:

— Ако, навбати оби мост, монед камтар тарафи мо ҳам равад!

— Об нест! Ба худамон ҳам намерасад!,- бо хашм нидо мекунад.

— Хоҳиш, ака, илтимос! Боз нашавад, ки таҷрибаи мардуми ноҳияи Восеъ дар мо ҳам такрор ёбад!? Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки дар деҳаи Хоҷа Муъмини ноҳияи Восеъ, агар об намедоштаӣ, барои зангирӣ духтар намедодаанд…

— Ако, ман зангирам! Агар об надошта бошам, духтар намедиҳанд. Мефаҳмӣ, акооо…, ман зангирам!

— Эҳееее, ҳо мардаки зангир, ку хез аз ҷоят! Зуд хез, оби никоҳ баъд! Картошкаат сӯхта, хокистар шуда истодаасту дар фикри зан ва ҳосили дувум ҳастӣ-а!?

Чашмонамро сахт-сахт мемолам. Аранг-аранг чеҳраи ҳамсарам намудор мегардад. Ӯ бо лаби хандон аз наздам дур мешавад ва ман шарм медораму худ ба худ, нармак табассум мекунам.

Баъди ин хоби ғалатӣ меандешам, ки шояд таъбири экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода аз хоби банда ҳам ҷолибтар барояд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *