Ободиро Рамазон Раҳимзода мекунаду обрӯро раиси Ховалинг мегирад? (аудио)

Барои истироҳату фароғати раиси ноҳияи Ховалинг маблағ будаасту барои бартараф кардани мушкилоти мардум, хоса сокинони маҳаллаи Тутак не.

“Пайк”- нашрияи минтақаи Кӯлоб бо нашри як матлаб аз мушкилоти мардуми деҳаи Тутаки ноҳияи Ховалинг ва бетаваҷҷуҳии раиси ноҳия изҳорӣ нигаронӣ кардааст. Гуфтааст, ки “Ховалинг: Барои деҳа 1 симчӯб надоданд, барои хонаи раис 350 ҳазор ҷудо шуд!”.

“Мушкилоти мавҷудаи маҳаллаи Тутаки ноҳияи Ховалинг ва барои ҳалли он аз буҷети маҳаллӣ ҷудо нашудани маблағ дар ҳолест, ки рўзи 15-уми феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотии раиси ноҳия Маҷиди Муҳтадӣ гуфт, ки барои сохтани хонаи хизматии раиси ноҳия аз ҳисоби буҷети дотатсионӣ 350 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҳисоби буҷет ба ҷуз пардохти маоши кормандони буҷетӣ дигар ҳама хароҷотҳо манъ шудааст. Аммо чуноне медонем, ин талабот барои раиси ноҳия истисно будааст. Ҳамагӣ барои як хонаи хизматӣ аз буҷети ниматиҳӣ 350 ҳазор сомонӣ гирифтан маблағи кам аст? Аҷиб ки барои истироҳату фароғати раис маблағ будаасту барои бартараф кардани мушкилоти мардум, хоса сокинони маҳаллаи Тутак не. Охир, онҳо ҳоло на об пурсидаанду на роҳ, фақат чанд ходачӯб барои барқ пурсиданд”,- менависад нашрия.

Гуфта мешавад, ки “ҳоло ҳама ободкориҳоро дар ноҳия вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода мекунаду раис фақат обрӯйи муфтро соҳиб шуда истодааст”.

“Чӣ мешуд, агар раиси ноҳия аз пули сохтмони хона ҳадди ақал пули як трансформаторро ҷудо мекард? Пас салоҳияти ин раис дар чист, дигар нафаҳмидем?”,- менависад нашрия.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.