Ободонӣ дар Левакант вусъат меёбад

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 банд, бо арзиши 1 миллиарду 791 миллиону 264 ҳазор сомониро ташкил дода, алакай 49 иншоот сохта ба истифода дода шудаанд, ки 69 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар ин бора раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки давоми соли 2024 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳои қаламрави шаҳр (новобаста аз шакли моликият), ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳр, ҳамзамон баҳри вусъат бахшидан ба ободонӣ дар шаҳр корҳои муайяне ба анҷом расонидаанд.

Иҷроиши буҷет

Дар ин давра нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Левакант аз рўи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 110 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 102,5 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 9,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 23,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 11,2 миллион сомонӣ, 113 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 12,2 миллион сомонӣ, 96 фоизро ташкил дода, нисбати нақша дар умум 814,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят аз андозҳои танзимшаванда ба маблағи 16,6 миллион сомонӣ ба буҷети вилоят гузаронида шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2024 иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр 100 фоизро ташкил дода, ба сохторҳои буҷетӣ 67,7 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф — 37,0 миллион сомонӣ (100 фоиз), тандурустӣ — 19,7 миллион сомонӣ (100 фоиз), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 610,7 ҳазор сомонӣ (98 фоиз) ва фарҳанг — 1,8 миллион сомонӣ (100) фоиз маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардидаанд.

Инчунин, аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшудаи шаҳр ба фонди муътадилгардонӣ ва иншооти муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ қарзи музди меҳнат аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Рушди саноат ва таъмири роҳҳо

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 475 миллиону 179,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 39 миллиону 623,7 сомонӣ зиёд буда, 109,1 фоизро дар бар мегирад.

Дарозии роҳҳои шаҳр 111,7 километрро ташкил дода, аз он дорои аҳамияти байналмилалӣ 37,3 километр, аҳамияти ҷумҳуриявӣ — 20,9 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 53,5 километрро дар бар гирифта, барои таъмири роҳҳо аз буҷети ҷумҳурӣ 228 ҳазору 912 сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 190,8 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои таъмири ҷорӣ 84 ҳазору 635 сомонӣ, таъмири роҳ — 80 ҳазору 369 сомонӣ, зимистонгузаронӣ — 41,3 ҳазор сомонӣ, таъмири қубур — 8 ҳазору 879 сомонӣ ва кабудизоркунӣ — 13,7 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва бо дастгирии аҳолӣ дар ин давра ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бо дарозии 4 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардонида шудаанд. Инчунин, дар деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти Ваҳдат 2,5 км роҳ ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ сангфарш гардидааст.

Соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сол то сол афзун гардида, ин рақам дар соли 2024 дар соҳаи чорводорӣ 122,1 миллион, растанипарварӣ — 171,0 миллион, дар маҷмуъ 292,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 27,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 110,3 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар соли 2024 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии шаҳр ҳамагӣ дар майдони 2533 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронидаанд. Дар заминҳои холишуда кишоварзони шаҳр дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамо дар майдони 858 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд.

Хоҷагидорони шаҳр дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи дурнамо ба миқдори 558,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 200 тонна сабзавот ва 358,0 тонна мевагиҳо ба хориҷи кишвар содирот намудаанд, ки 101,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Сарбанд ва деҳоти “Ваҳдат” аз 16 хоҷагиҳои моҳипарварӣ тибқи ҳисоботҳои оморӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 ҳамагӣ 47 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, бо ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, ин нишондод нисбат ба дурнамо 94,0 фоизро дар бар мегирад.

Дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии шаҳр 191,3 гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуд буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 547,8 тонна мевагӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 125,0 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар соли 2024 тибқи маълумотҳои Нозироти андоз дар шаҳр шумораи андозсупорандагон 714 нафарро ташкил дода, аз ин 229 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 285 (78 нафар зан) нафар соҳибкорон тибқи патент, 83 (41 нафар зан) нафарон бо шаҳодатнома ва 117 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таксиси шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

Дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи татбиқшуда 132,3 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Дар соли 2024 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 290 миллиону 549 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 15 ташкилоти сохтмонӣ 6 ташкилоти сохтмонӣ амал мекунад, ки ба маблағи 72 миллиону 82 ҳазор сомонӣ иҷроиши корҳои пудратӣ иҷро шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 59 миллиону 138 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 71 банд, бо арзиши 1 миллиарду 791 миллиону 264 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол аз иншооти зикргардида 23 адад иншоот бо арзиши 97 миллиону 107,6 ҳазор сомонӣ дар соли 2022, 12 иншоот бо арзиши 12 миллиону 152,5 ҳазор сомонӣ дар соли 2023, 16 иншоот бо арзиши 69 миллиону 604 ҳазор сомонӣ дар соли 2024, 12 иншоот бо арзиши 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 ва 8 иншоот бо арзиши 1 миллиарду 600 миллиону 900 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмуъ, дар шаҳр аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 иншоот сохта ба истифода дода шудаанд, ки 69 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Соҳаи маориф

Дар 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 14755 нафар, аз ҷумла 7691 нафар писар ва 7064 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 843 омўзгорон (637 нафарашон занон) таълим медиҳанд. Аз шумораи умумии омўзгорон 600 нафар бо маълумоти олӣ, 164 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 79 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.

Дар шаҳр 4 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, аз ин як муассисаи хусусӣ мебошад. Дар муассисаҳо бо фарогирии 450 нафар кўдакон, 24 нафар мураббиён дар 24 гурўҳ ва дар 17 маркази инкишофи кўдак 1800 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустии шаҳр 646 нафар кормандон, аз ин шумора 71 нафар табиб, ҳамшираи тиб — 361 нафар, кормандони хурди тиббӣ — 155 нафар ва 59 нафар ғайритиббӣ фаъолият намуда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон иборат буда, дар ин давра ҳамагӣ 69952 кат рӯзҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар асл 25845 кат рӯзҳо истифода шудааст.

Дар шаҳр як Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ” фаъолият дошта, айни ҳол дар муассисаи мазкур 127 нафар кормандон фаъолият дошта, аз рўи 6 ихтисос мутахассис омода менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ 1406 донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 1018 нафар духтар ва 388 нафар писарон мебошанд.

Соҳаи фарҳанг

Дар  шаҳр 1 қасри  фарҳангӣ, 10  муассисаи  фарҳангӣ, 1 клуби сайёр, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 2 китобхонаи деҳотӣ, 2 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 2 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Дар шаҳр 4 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 33510 нусха китоб маҳфуз аст.

Дар ин давра дар муассисаҳои фарҳангии шаҳр 28 чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз  58180 нафар иштирок намудаанд.

Ҷавонон ва варзиш

Шумораи ҷавонон дар шаҳр 22471 нафар, аз ин теъдод 11205 нафарашон ҷавондухтарон буда, дар давраи ҳисоботӣ 20 чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, 40 мулоқоту вохўриҳо гузаронида шудааст.

Теъдоди умумии толорҳои варзишӣ 10 адад, варзишгоҳ 1 адад, майдончаҳои варзишии хурд 36 адад, майдонҳои варзишии калон 3 адад, мактаби варзишӣ 1 ададро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷавонони шаҳр дар 26 мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 207 медал, аз ҷумла, 101 медали тилло, 61 медали нуқра ва 45 медали биринҷӣ гардидаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *