Ҷоиза муборак, Раъно!

Яке аз шоираҳои хушсалиқа ва журналисти варзидаи тоҷик, Раънои Зоирдухт ҷоизаи ба номи Буринисо Бердиеваро гирифт.

Шоира ва рӯзонаманигор Раънои Зоирдухт дар тамоми кишвар ягона нафарест,ки нашрияи махсусеро, ки  маҳз ба рушди  забони тоҷикӣ ихтисос дорад, муҳаррирӣ мекунад.  “Ганҷи ороста”солҳост,ки новобаста ба мушкилоти молӣ ва дигар саддҳои ,ки дар роҳи он гузошта мешавад, дар Истаравшани бостонӣ ва берун аз он паҳн мегардад. “Ганҷи ороста” ва муҳаррири он дар дар рушду нумӯъ ва ҳамчунин дар софу тоҷикона нигоҳ доштани забону фарҳанги миллат хизматҳои бузурге кардаанд. Раъно ба ҷуз он,ки ин нашрияро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад, боз дар нашрияҳои дигари умумиҷумҳуриявӣ, махсусан ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаҳое, ки ба дарди мардум мехуранд, ба чоп мерасонад ва дар кишвар ҳаводорони худро дорад. Шоира ҳамчунин бо шеърҳои нобаш ва фаъолияти фарҳангиаш на танҳо дар минтақа, балки дар сар то сари ҷумҳурӣ ном баровардааст. Соҳиби мукофти ба номи журналисти ҷасур Буринисо Бердива гардидани ӯ низ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Мукофот муборак, Раъно!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *