Ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони ғолиби озмун

Дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба рӯзноманигороне, ки дар озмуни «Оилаи хушбахт оилаест, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест», ғолиб омаданд, баргузор шуд. Озмуни мазкур дар чорчӯбаи   татбиқи лоиҳаи пешгирии хушунат дар оила  эълон шуда буд.

Ҷоизаҳоро ба рӯзноманигорон намояндагони  PDV ва СММ-занон бо иштироки Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ супориданд.

Мукофотҳои пулӣ ва сертификатҳо ба рӯзноманигорони зерин арзанда дониста шуд:

— барои мақолаи беҳтарин дар рӯзнома: Гулҳаё Мадимар («Минбари халқ)» ва Сайфиддин Суннатӣ («Чархи гардун»);

-беҳтарин барномаи радио: Идигул Раҷабова («Тоҷикистон»), Адолат Сангинзода («Садои Душанбе»);

— беҳтарин шоу дар ТВ: Маъруф Назаров (ТВ Точикистон), Раҷабова Гулчеҳра («Ҷаҳоннамо»).

Журналистони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Холмуродов  («Ҷавонони Точикистон», Орзу Ниёзӣ  ва  Наргис Аҳмадова («Садои Душанбе») мукофотҳои ҳавасмандсозӣ гирифтанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *