Олиҳае аз табори мунзим
Номи неку осору пайкори яке аз аввалин наттоқи телевизиони тоҷик Лӯъбат Бурҳоноваро ҳоло дар арафаи санаи мубораки 90-умин солгарди чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш ёдовар бояд шавему бидонем, ки ӯ баҳри рушди яке аз соҳаҳои басо муҳими ҳаёти фарҳангии мо чӣ корҳоеро ба сомон расонидааст!
Сараввал бояд бигӯйем, ки ӯ кист? Аз кадом табор аст?
Бурҳонова Лӯъбат Раҳимовна духтари ягонаи Бурҳонов Раҳим Мунзимович – разведкачии машҳури советӣ, устоди Институти педагогии Душанбе (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), набераи яке аз симоҳои маърифатпарвари Бухорои охири асри 19 ва ибтидои 20, ҳаммаслаку ҳамсафи бузургоне чун Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ва Садриддин Айнӣ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода Мунзим мебошад. 15 декабри соли 1935 дар Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таваллуд шудааст.

Роҷеъ ба зиндагинома ва фаъолияти ӯ дар матбуоти даврӣ ва ҳам дар рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ кам ба назар мерасад. Манбаъҳои бозгӯйи кору пайкори ин чеҳраи тобноки санъати наттоқӣ маводҳои дар китоби энсиклопедии симоҳои намоёни бухороитабори Душанбе – “Тахти Сомон” ва мусоҳибаҳояш дар матбуоти даврӣ бо рӯзноманигорон Робияи Холмирзо, Ҳотами Ҳомид, Валиҷон Баёнӣ ва андешаҳои муҳаққиқ Муаттара Ҷӯраева дар китоби “Ҷилои ситораҳои телевизион” мебошанд. Месазад, ки рӯзгору пайкори чунин саромадони телевизиони тоҷик, аз қабили Лӯъбат Бурҳонова ва ҳамсафону пайравонашон аз назари таҳқиқи олимони соҳа дақиқкорона мавриди омӯзиш қарор ёбад. Зеро онҳо бунёдгузори як шохаи бузурги ҳунари журналистии Тоҷикистон буданд…
Ва варақгардон мекунем саҳифаҳои пурифтихори зиндагии Лӯъбат Бурҳоноваро. Солҳои 1943-53 – дастпарвари мактаби миёнаи духтаронаи рақами 10-и шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе). Солҳои 1953-58 донишҷӯйи бахши тарҷумонии факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 1958-59 ба ҳайси лектори ҷамъияти “Дониш”-и назди Академияи фанҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои донишшҷӯйӣ узви фаъоли дастаи ҳаваскорони санъати донишгоҳ буда, соли 1956, дар соли сеюми таҳсил, дар барномаҳои консертии ҳафтаи азназаргузаронии дастаҳои ҳунарии донишҷӯии умумииитифоқӣ бо иҷрои рақси дилошӯб хотири ҳаводоронро масрур сохтааст. Подоши ҳунараш бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қадрёбӣ гардидааст. Соли 1957 бошад дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар Москва иштирок кардааст.
Аз соли аввали таъсиси Телевизиони Тоҷикистон ин қаҳрамони мо ҳаёту фаъолияти пурсамари худро ба рушду нумуъи он бахшидааст. Аввал ба сифати ёвари коргардон ва сипас аз моҳи майи соли 1960 ҳамчун наттоқ 24 соли умри бобаракати худро сарфи ин пешаи хело масъул намудааст. Солҳои 1984-89 ровии барномаҳои Радиои Тоҷикистон будааст. Чуноне дар мусоҳиба бо хабарнигорнигор Валиҷон Баёнӣ иброз намудааст: “Телевизион хонаи аввалини мо буд…” Ин шаҳодати он аст, ки насли аввали наттоқон барои то ба тамошобини оилаи нилгун расонидани мақсаду муҳтавои ҳар як барнома чӣ заҳматҳоеро ба харҷ медодаанд, зеро тахассуси наттоқӣ талаботи хосаи худро дорад. Саҳлангориро намеписандад. Ҳар як матне, ки бояд ба самъи бинандаи оинаи нилгун ва ё шунавандаи радио бирасонӣ, банду басти хосаро мехоҳад…
Лӯъбатбону Бурҳонова ва ҳамтоёнаш тавассути симоҳои дилрабою нутқи гӯё ба намоишҳои телевизионии мо ҷолибияту ҷаззобиҳо зам намудаанд. Ба такя ба ҳунари суханварии онҳо мардум аз асолату назокати забони шевои адабии тоҷикӣ бархурдор шудаву дилбохтаи он гаштаанд. Меҳри сахангӯйӣ ва интихоби ин касби пурифтихорро ҷавонони он замон дар қалбашон ҷойгир сохтаанд. Лӯъбатхонум дар телевизион барандаи барномаи иттилоотии “Ахбор”, ровии намоишҳои сиёсӣ, адабӣ, идона, ҷашнӣ, мустанад ва кӯдакона буда, барои хотирмону пуртароват гардидани онҳо заҳмати зиёд ба харҷ додааст. Зеро ҳар як барнома ва ё намоиши хоса сабку услуби нигориш ва пешниҳоди худро дорад ва аз ровӣ маҳорати махсусро тақозо менамояд. Ва ӯ муваффақ шудаасту ба дилу дидаи пиру барнои кишвар маскан гирифтааст.
Ба ҳунару маҳорати маҳфилороии Лӯъбат Бурҳонова дар барномаҳои телевизионии ҷашнӣ ва консертҳои идонаи дар Душанбею Москав ва дигар шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ баргузоршуда ҳамкасбону ихтисосмандони соҳа ва мухлисон баҳои баланд гузоштаанд. Ҳар боре дар назди насли калонсол номи ӯро ба забон орем, аз санъати барандагияш бо Мақсудҷон Икромов дар барномаҳои ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Бӯстон” дар солҳои 1973-75 ёдовар шуда, эҳтиромашонро нисбати ҳунари дилнишини онҳо баён месозанд. Ҳамкорону ҳаводорони ҳунараш ӯро ба некӣ ба ёд меоранд. Аксҳои гӯё аз раванди пешниҳод ва таҳияи барномаҳои хосаи адабӣ ва адабӣ-мусиқӣ бо шахсиятҳои маъруф, ба мисли устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Туҳфа Фозиловаю Аҳмад Бобоқулов гувоҳи онанд, ки Лӯъбат Бурҳонова бо назокати хоса, омодагиҳои пухта ва бо масъулияти баланд ин маҳфилҳоро барандагӣ намудааст.
Дар суҳбат коргардони шинохта Баҳром Сайфиддинов роҷеъ ба ҳамкориҳояш бо Лӯъбат Бурҳонова дар ташаккул ва таҳияи маҷаллаи телевизионии “Баҳористон”, ки ӯ коргардону барандаи доимиаш Луъбатхонум бо Абдулаҳад Мирзоаҳмадов ва гоҳе Мақсудҷон Икромов будаанд, ёдовар шуда, афзуд: “Бароям ёд овардан аз раванди ҳамкориҳо бо ин се тан сарсупурдагони кори телевизион гуворо аст, зеро он замон мо доимо дар такопӯ будем. Барои тамошобоб гардидани барномаҳо шаборӯзӣ заҳмат мекашидем. Ба ҷуз аз бозёфтҳои тозаи эҷодӣ чизе дар зеҳнамон намеғунҷид. На парвои хона доштему на пулу мол ва фароғат…”
Вижагии дигари фаъолияти Луъбат Бурҳонова ба сифати барандаи консертҳои бошукӯҳи Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Москва (1969), таҷлили 100 солагии В.И.Ленин дар Москва (1970), солонаи Конститутсияи СССР (1977), ки аз тариқи Телевизиони Марказии умумииттифоқ сабту пахш гардидаанд, зуҳур гардидааст. Ӯ инчунин барандаи барномаҳои даҳаҳою ҳафтаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва минтақаҳои Шарқи Дури ФР ва намоишҳои идонаи “Огонёк”-и Телевизиони Марказии умумиииттифоқ низ будааст. Ошноӣ ва суҳбат бо симоҳои намоёни сиёсии давр Лионид Брежнев, Шароф Рашидов, Турсун Улҷабойев ба ӯ мушарраф гаштааст.
Дар баробари кор дар телевизиону радио Лӯъбат Бурҳонова дар кинои тоҷик низ нақшҳо офаридааст. Ӯ дар филмҳои “Салом, одами нек”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Дохунда”, Писар бояд зан гирад” ва “Вазифаи олӣ” нақшҳои гуногунро бозидааст.
Заҳматҳояш бо Ифтихорномаи Перзидиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, медали 100 солагии В.И.Ленин ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааанд.
Саҳифагардонии зиндагиномаи ин чеҳраи тобноки оинаи нилгуни тоҷик андешаву хотираи касро ба дуриҳои начандон дур мебараду касро ҳолати гуворое фарогир мешавад, ки хушбахтона чунин наҷибзодагоне будаанд, ки зиндагии моро нуру зиё бахшидаанд. Ёдашон ба хайр.
Олимӣ Зиё, фарҳангшинос
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ