Ғолибони варзиши идона

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ аз 20-ум то 26-уми майи соли 2018 дар варзишгоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мусобиқаҳои варзишӣ байни 8 дастаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии гарнизони шаҳри Душанбе бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим гузаронида шуд.

Ҷойҳои аввалро дар мусобиқаҳои чорҳарбаи ҳарбӣ  дастаи қисми ҳарбии 0118, тирпарронии варзишӣ аз ПМ 9мм, иҷрои машқи ПМ 1  прапоршик Қувватов С. партофтани норинҷаки варзишӣ ба дурӣ прапоршик Гулмамадов М., волейбол дастаи қисми ҳарбии 0118, футбол дастаи қисми ҳарбии 0118 ишғол карданд.

Дар ҷамбасти умумии мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои якумро дастаи қисми ҳарбии 0123, дуюмро дастаи қисми ҳарбии 0118 ва  сеюмро дастаи қисми ҳарбии 0123 ба даст оварданд. Ғолибон ва варзишгарони фаъол бо медалу ифтихорномаҳо, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ  шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *