Олмониҳо дар бораи Тоҷикистон филм таҳия мекунанд

Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковски ва Маттиас Майер бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кӯтоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон омадаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари филмсозони олмонӣ ба кишвари мо бо даъвати Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифта, то 25-уми июн идома меёбад. Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, бо мавзеҳои таърихию фарҳангӣ аз наздик шинос мегарданд.

— Аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ду филми кӯтоҳмуддати 20-дақиқагӣ таҳия гардида, дар онҳо Тоҷикистонро ба мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.