Омодагии ҷавонон ба мусобиқа идома дорад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2022, ки ҳафтаи оянда дар Ўзбекистон оғоз мешавад, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома медиҳад.

Ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон дар реҷаи тамринӣ ду маротиба дар як рўз ҷараён дорад. 25-уми май дастпарварони   Аслиддин Ҳабибуллоев бо ҳамсолонашон аз Ўзбекистон бозии дўстона анҷом доданд. Ин вохўрӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод баргузор шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19-уми июн дар Ўзбекистон доир мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гуруҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Аморати Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) ҳастанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.