Омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чиангмай

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» ба шаҳри Чиангмай расид ва зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт нахустин тамринҳои худро анҷом дод.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар ҳоли ҳозир 17 бозигар қарор доранд. Бозигарони боқимонда марҳила ба марҳила ба даста ҳамроҳ хоҳанд шуд. Тими миллии Тоҷикистон рўзи 22-юми сентябр дар ҳайати пурра ҷамъ мешавад.

Дар даври нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дастаи мунтахаби Тоҷикистон рўзи 22-юми сентябр бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар вохўрии дигари нимниҳоӣ дар ҳамон рўз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам бозӣ мекунанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рўзи 25-уми сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи вохўриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»).

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Зоир Ҷўрабоев («Сурхон, Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»).

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Зоб Оҳан», Эрон), Амирбек Ҷўрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Амадонӣ Камолов («Паракуэлйос Антамира», Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Боқӣ-Охунов (ҳарду аз «Истиқлол»).

Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Белорус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *