Омори олӣ, бозори холӣ. Сабаб меҷӯед? Аз раисон пурсед!

Қонуни навиштаи зиндагонист: Соҳибмансабон меоянду мераванд ва омадану рафтани онҳо набояд ифодагари “Менигарему меравем”-и онҳою манфиатҷӯиҳо бошад.

Як чизи муҳим барои мардум – танзиму низоми бозору тиҷоратро мебояд роҳандозӣ кард, ки мутаассифона, дар айни авҷи коронавирус омили манфиатҷӯии теъдоде аз соҳибмансабҳо боло гашт. Дар ин айём, нафаре ҳам аз масъулин натавонистанд нархи маҳсулотро ба танзим оранд. Ҳарчанд Сарвари давлат дар маҷлисҳои ҳукумативу ҷамъомаду нишастҳо масъулинро таъкид мекарданд, то ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба танзим овардани нархи маҳсулот дар бозорҳо иқдом намоянд, аммо теъдоде аз масъулини сарсахт омилҳои берунаро сабаби болоравии нархи маҳсулот маънидод карда, дар танзими нархи маҳсулоти бозорҳо ҳеҷ таъсире нагузоштанд.  Имрӯз низ аҳвол ба мисли пештара аст:  маълумоти оморӣ истеҳсолотро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дучанд зиёд нишон медиҳад, аммо нархи маҳсулот болои болост.

Сабаби болоравии нархи маҳсулоти аввалияи рӯзгор дар бозорҳои кишварро кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба давлатҳои таҳвилдиҳанда маънидод карда, дигар аз масъулин болоравии нархи тухмро ба афзоиши арзиши ғизои паранда ва паст шудани маҳсулнокии мурғҳо вобаста медонанд.

Дар идомаи “таҳлил” масъулин аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 ёдовар мешаванд, ки тибқи он, нархи 16 номгӯй молу маҳсулоти аввалияи рӯзгор дар сурати беасос 20 фоиз боло рафтан таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад ва бидуни назарандӯзию таҳлилу мушоҳидот хулоса мекунанд, ки “Аз сабаби он, ки дар бозорҳои кишвар нархи молу маҳсулоти дар қарори Ҳукумат зикршуда беасос баланд нашудааст, барои таҳти танзими давлатӣ қарор додан чора наандешидаанд”. (Аз суҳбати хабарнигори “Садои мардум” бо намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №156 аз 26.12.2020).

 Қазоват кунед: “Нархи молу маҳсулот беасос баланд нашудааст”. Нархи ҳама молу маҳсулотро як сӯ мегузорем ва танҳо як бандчаи ночизи кабутиро ҳамчун намуна ба самъи мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ мерасонем, ки рӯзе қабл аз соли нав арзиши он ба 1 сомонӣ расид. Фикр мекунам чунин болоравии нарх ҳама гуна чорчӯбаҳоро гузаштааст. Болоравии равғани растаниро низ марбут ба кишварҳои таҳвилкунанда маънидод мекунанд. Аммо аксар аз навъи равғанҳои растании дар мағозаву бозорҳо ба савдогузошташуда, моли ватанианд-ку? Магар чунин нархбозиҳо аз беасос болоравии нархи маҳсулот гувоҳӣ намедиҳанд?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошии худ ба ифтихори Соли нави мелодии 2021, аз таҳлилу таҳқиқи мутахассисону коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуданд, ки соли 2021 дар миқёси сайёра аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин дар 100 соли охир гашта, беш аз 270 миллион нафар одамон дар даҳҳо кишвари дунё бар асари буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, пастравии босуръати истеҳсолот, афзоиши бесобиқаи бекорӣ, камчин гардидани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо ба гуруснагӣ ва фақр гирифтор мешаванд.

Сарвари давлат ҷиҳати чораандешӣ ва раҳоӣ аз буҳрон масъулинро вазифадор карданд, “То дар соли 2021 –ум  бештар заҳмат кашем,  ба камчинии маҳсулот ва болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ роҳ надиҳем, то ки мардуми Тоҷикистон ба танқисиву муҳтоҷӣ гирифтор нашаванд”.

Масъулин, бахусус аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл пешорӯи Сарвари давлат савганд хӯрданд, то садоқати худро нисбат ба Пешвои миллат ва халқи кишвар нишон хоҳанд дод, чӣ барномаи раҳоӣ аз бунбастро рӯи кор хоҳанд гирифт? Руасои шаҳру навоҳӣ, ки корашон имрӯз таблиғу ташвиқи фаъолияти “хайрандешиву” худнамоишдиҳӣ аст, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум чӣ иқдоме рӯи кор хоҳанд гирифт? Агар умр боқӣ бошад, соле баъд ба ин мавзӯъ хоҳем баргашт ва аз натиҷаи кору пайкори масъулин ҳатман пайғоме ба мардуми кишвар хоҳем расонд. Ҳар яки моро лозим аст, то аз вазъи ноҳинҷори бозор, беназмии тоҷирон, фориғболии масъулин худро дар канор нагирем, балки дар пайравӣ ба дастуру супоришоти Сарвари давлат ҷиҳати ислоҳоти бозор ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи некаҳволии мардум мусоидат намоем.

Умед аст, ки соли 2021 соли пурфайзу бобаракат мегардад, бале ба шарте агар масъулин андаке ҳам бошад, аз чаҳорчӯбаи худпарварӣ берун по ниҳанду пайваста аз худ пурсанд, ки: -Имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!

Соли 2021 муборак!

 Муҳиддин Идизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *