Ордро витаминдор мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон аз лоиҳаи қонун дар бораи ғанигардонии орди гандумӣ, ки иловаи витаминҳоро ба он ҳатмӣ мекунад, ҳимоят кардааст. 

Президенти  Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз лоиҳи қонун дар бораи ғанигардонии орди гандумӣ ҳимоят карда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст.

Иқдом барои фортификатсиясозӣ, ё иловаи витамину минералҳо ба орди гандумӣ дар ҳолест, ки ба иттилои мутахассисон ҳангоми коркард бисёре аз маводи фоиданоки гандум аз байн мераванд. Иловаи витамину минералҳо баъди коркард ба гуфтаи мутахассисон ба нархи он тақрибан таъсире надорад, зеро арзиши он сари ҳар тонна наздики як долларро ташкил медиҳад.

Талош барои витаминдор кардани орд дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои барномаи озуқаи СММ ҳудуди 60 дарсади калорияи рӯзонаи тоҷикистониёнро маҳсулоти гандумӣ ташкил медиҳанд ва ин яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *