Орду гандум дар Қазоқистон қимат шуд
Нархи гандум дар Қазоқистон боло рафта, 1 тоннаи он ба 216-222 доллар расид. Тоҷикистон, ки беш аз 90% гандумро аз Қазоқистон ворид мекунад, метавонад бо гароншавии орд, нон ва маҳсулоти дигари ғалладона рӯ ба рӯ шавад.
Соли 2024 ҳаҷми воридот ҳудуди 1 млн тоннаро ташкил дода, дар соли 2025 тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, воридот зиёд мешавад – ҳудуди 349 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 100,4 млн доллар.
Аз 1-уми июл дар Қазоқистон нархи орд низ афзоиш ёфта, ба 270 доллар барои як тонна мерасад. Вале мақомоти тоҷик мегӯянд, бо такя ба захираҳои дохилӣ ва афзоиши истеҳсол, вазъият дар кишвар дар кӯтоҳмуддат устувор мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ