Ориёно-Раънои Зоирдухт

Ориёно

 

эй нишони тозаву

гаҳвораи  таърих,

Эй, дилу софу мубарро,

ҳастии пур аз таманно,

Эй, саропо фазлу эҳсон

ҳам баландии ҷалолат  қад кашида   то ба осмон.                                       

Ориёно,

эй, нигоҳи поку рӯшан,

эй, ҷилои ойину ойинадори ман.

Бингар аз нав пой берун мениҳад хуршед,

пурҷилояст ҳуллаи нури тани уммед.

Ҳастии ту аз китоби қисмати

Фурон бархондам,

Аз нигоҳат номи Симошу Ҳайладолу

Аншон, Ахвоз дарёфтам,

Бори дӯшат буд бар дӯши Таҳамтан

Коҳину Селеквию Айлом,

Ҳомилонат донаи одобу ойини ту

баркиштанд

Дар замини Бобулу Нинво

то Фаластин, Мисру Урупову Эрон.

 

Ориёно,

пири уфтода зи дасти шуми бадахтар,

Ҳам зи рашки деви бадмаҳзар.

Дидаи чун субҳ покат кисвати хокистарӣ пӯшид,

Хуни офоқат ба тан ҷӯшид…

Навҳа аз умки дилам берун намудам

О-ҳ ҳ ҳ !!!

Бар «Авасто»-ву шикасти Ҷоми Ҷам

сад… воҳ…

Мори дӯши сархӯри Заҳҳок,

ҳар нафас мағзи ҷавон мехост,

Қуввату нерӯи ҷони Коваро мекост.

Нолаи ҷон мерасад аз мадфани

Таҳмина бар гӯшам:

«Воҳ балои ғӯрамаргу хун ба оғӯшам…»

Бар машом ояд насими Мӯлиён аз нав,

Ғулғули шоҳномахонӣ ҳаст, ин айём.

Васли моро нолаи най мекунад талқин,

Маст гаштем ин замон аз бонги нӯши

                                                   маънии Хайём.

Ориёно,

сарбаландиат сари мо то Сурайё бурд,

Арҷмандиҳот боло бурд номи мо.

Оташи кин сохт хомӯш дасти нанги ту,

Захми ҳастиро даво кард Бӯалӣ Сино

 

Ориёно,

маскани озодагони ман,

Ваҳдати рӯх, ваҳдати дилҳо муборак бод!

Аз парешонӣ нигаҳ дорад Худовандат,

Ҳар куҷо тоҷик бошад, шод бошад, шод!

 

 

 

Раънои Зоирдухт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *