Осама Маккави Когалӣ-Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави Когалӣ таъин шуда, вазифаи худро аз 27 майи 2020 оғоз намуд.

Пандемияи КОВИД19 ҳаёти кӯдакони зиёдеро дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон халалдор кард ва ҷаноби Когалӣ дар замони махсусан муҳим ба дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон — замоне, ки ин пандемия ба ҳуқуқҳо ва некӯаҳволии кӯдакон таъсири худро мерасонад, кори худро шурӯъ намуд.

“Таъин шудан дар ин вазифа дар Тоҷикистон барои ман шараф аст. Ман дар бораи ин кишвари зебо ва мардуми меҳмоннавоз суханҳои бисёр шунидаам. Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон бо Ҳукумати ин кишвар дорои муносибати хуби корӣ аст ва умедворам, ки дар давоми фаъолияти ман дар Тоҷикистон, ин ҳамкорӣ боз ҳам қавитар мегардад.” гуфт ҷаноби Маккави Когалӣ.

Ҷаноби Когалӣ дорои таҷрибаи байналмиллалии зиёда аз 25 сола дар самти вокуниши башардӯстона ва рушд, аз ҷумла сабақаи кори бо ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Нидерландия аст. Ӯ дорои дараҷаи магистри илмҳо оид ба Иқтисодиёт аз Донишгоҳи Бародаи Ҳиндустон ва дараҷаи бакалаври Санъати Донишгоҳи Удайпури Ҳиндустон буда, дар таҳия ва идоракунии барнома, ҷалби маблағгузорӣ ва бунёди ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушд таҷрибаи назаррас дорад.

Қабл аз таъинот дар ин вазифа, ҷаноби Когалӣ дар Черногория ба ҳайси 3-юмин Намояндаи ЮНИСЕФ дар кишвари мазкур, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар дар 2006, фаъолият кардааст. Ҷаноби Когалӣ инчунин, вазифаҳои Намояндаи дафтари давлатии ЮНИСЕФ дар Умон (2013 то 2017); Муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ироқ (2009 то 2013); Мутахассиси фавқулодаи минтақавии ЮНИСЕФ дар Шарқи Миёна ва дафтари минтақавии Африқои Шимолӣ (2006 то 2009) ва Ҳамоҳангсози асосии ҳолатҳои фавқулодаи ЮНИСЕФ дар Покистон (2005 то 2006 ва дигар вазифаҳо бо Дафтари давлатии Покистон (2001 то 2005). Ҳамчун шаҳрванди Судон, ҷаноби Когали соли 1992 собиқаи кории худро бо ЮНИСЕФ оғоз намуд вато 1998 фаъолият кардаанд. Берун аз ЮНИСЕФ, байни солҳи 1998 ва 2001 ба ҳайси Маслиҳатчии рушд ва кӯмак дар сафоратхонаи Подшоҳии Нидерланд дар Судон фаъолият кардаанд.

Ҷаноби Когалӣ оиладор ва падари чор фарзанд – Сара, Самар, Нун ва Маккави мебошанд.
Ҷаноби Когалӣ ҳамчун Намояндаи нави ЮНИСЕФ ҷаноби Лучиано Калестини, ки фаъолияти кории худро бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон моҳи апрели 2020 ба анҷом расонид, иваз намуд.
Эзоҳ – Вазифаи “Намоянда” дар созмони Хазинаи Кӯдакони СММ баробар ба “Директори кишвари” мебошад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *