Ошкори 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ
Соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронд. Дар натиҷа ба маблағи умумии 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.
Дар ин бора директори агентӣ Сулаймон Султонзода имрӯз, 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи номбурда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 411,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд, ки 296,1 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷетӣ ва 115,8 миллион сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.
Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ