Ошкори беш аз 1 миллион кг маҳсулоти бесифат
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 11 ҳазору 801 кг маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шуд. Дар ин бора Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, 889 ҳазору 309 килограми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва 122 ҳазору 492 килограми дигар аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудаанд. Ҳамчунин, Темурҷон Абдулваҳобзода гуфт, ки аз моҳи майи соли 2020 воридоти равғани нахл ба ҷумҳурӣ манъ аст. Дар идомаи нишаст масъулини ин ниҳод аз эълони мораторияи навбатӣ истиқбол карданд.
“Мақсади асосии эълон гардидани мораторий манъи санҷишҳо нест, балки баланд бардоштани маърифату фарҳанги соҳибкорон аст”,-таъкид доштанд масъулин дар нишаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ