Ошкори беш аз 245 тонна маҳсулоти пастсифати ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 245 ҳазору 372 килограмм маҳсулоти гуногуни ғизоӣ, ки ба талаботи стандартҳои мавҷуда ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот гирифта шуда, ғайристандартӣ эътироф гардиданд.
Дар ин бора муовини якуми директори Агентии “Тоҷикстандарт” Раҳмоншо Мирзоён зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, миёни маҳсулоти ошкоргардида 11 066 кг маҳсулоти гӯштӣ,1 459 кг равғани растанӣ,1 351 литр нӯшокиҳои спиртӣ,112 352 кг намак ва дигар навъҳои маҳсулоти хӯрокворӣ мебошанд, ки қисми зиёди онҳо аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд.
Номбурда зикр кард, ки мақсади асосии назорати сифат пешгирӣ аз ба муомилот роҳ ёфтани маҳсулоти ба саломатии шаҳрвандон хатарнок ва ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботи техникӣ мебошад.
Масъулини Агентии “Тоҷикстандарт” таъкид мекунанд, ки корҳои назоратӣ ва санҷишӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ дар бозорҳои кишвар идома хоҳанд ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ