Отамбоев 11,5 сол ҳукм гирифт
Суди ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек ба таври ғоибона Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистонро ба 11,5 соли зиндон маҳкум намуд.
Отамбоев барои ғайриқонунӣ аз худ кардани қитъаи замин, ҷамъоварии ғайриқонунии сарват ва иштирок дар ошӯбҳои 7-8-уми августи соли 2019 гунаҳкор дониста шудааст. Ҳамчунин суд қарор кардааст, ки молу мулки Отамбоев мусодира шуда, ӯ аз ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум ва ҷарима карда шавад. Назари худи Отамбоев ба ин ҳукм маълум нест.
Гуфта мешавад, ки ӯ феълан дар Испания қарор дорад. Отамбоев аз соли 2011 то 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд. Соли 2019 ӯ аз дахлнопазирии раисҷумҳурӣ маҳрум ва ба фасод айбдор карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ