Оё ваксинаи БСЖ бемории силро пешгирӣ мекунад?

Модари Сайёра барои муолиҷаи духтари 12-солааш ба маркази саломатии минтақаашон муроҷиат карда буд. Аз он ки табобат натиҷаи дилхоҳ надод, бо роҳхати маркази саломатӣ духтари ӯ дар чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе низ бистарӣ шуд. Аз нақли модар, вақте духтурон хостанд аз шушҳои фарзандаш об гиранд, бо иллати ғафс будани об ин амал гузаронида нашуд ва ӯро ба Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил роҳхат доданд. Баъд аз муоина тасдиқ гардид, ки духтараш ба бемории сил гирифтор шудааст. Табобати ӯ зиёда аз се моҳ инҷониб зери назорати духтури силшинос ҷараён дорад.

“Духтарамро дар хона таваллуд кардам. Чанд маротиба ҳамшираи шафқат ва духтури минтақавӣ гуфтанд, ки ба ӯ ваксинаи зиддисилии БСЖ гузаронед, вале беаҳамиятӣ кардаму нагузарондам. Айби худам шуд! То беморшавии фарзандам намефаҳмидам, ки иммунизатсия чӣ қадар барои саломатии инсон муҳим аст”, — гуфт модари Сайёра.

Аҳамияти иммунизатсияи саривақтӣ

БСЖ яке аз ваксинаҳоест, ки дар рӯзҳои аввали ҳаёт ба бадани тифли навзод ворид карда мешавад. Аз рӯйи Тақвими миллии иммунизатсия, ба кӯдакон ва наврасон дар синну соли муайян воридсозии ваксинаҳои зарурӣ бар зидди 12 беморӣ: сил, фалаҷ, гепатити b, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, сирояти ротавирусӣ, сирояти пневмококкӣ, сурхча, гулафшон ва баногӯшак пешбинӣ шудааст. Ин ваксинаҳо дар тӯли зиндагӣ бадани инсонро аз гирифторӣ ба ангезандаҳои бемориҳои мазкур бо эҳтимоли зиёд муҳофизат мекунанд.

“Иммунизатсия маҷбурӣ нест, вале ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бар зидди бемориҳо ваксинаи тақвимиро қабул кунад”, — иброз дошт Саида Бобоназарова, мудири шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”.

Ба қавли ин духтури эпидемиолог, ваксинаҳо мувофиқи меъёри байналмилалӣ дар яхдонҳои махсуси ҳарораташ аз +2 то +8 дараҷа нигоҳдорӣ мешаванд.

Вояи зарурии ваксинаи БСЖ аз 0,05 мл иборат буда, бо сӯзандоруи махсуси яккарата дар давоми аз 3 то 5 шабонарӯзи баъд аз таваллуд ба қабати пӯсти кӯдак ворид карда мешавад.

“Дар ҷойи воридкардаи ваксинаи БСЖ варами хурд пайдо мешавад. Онро ягон малҳам молидан ва ба об расонидан лозим нест. Сипас ба ярача табдил меёбад. Ин ҳам бо гузашти вақт худаш соз мешавад. Ҳарчанд ваксинаи зинда аст, аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ягон оризаи ҷиддӣ надорад”, — гуфт Саида Бобоназарова.

Ҳимоя аз шаклҳои вазнини сил

Ваксинаи БСЖ аз чӣ омода мешавад ва то кадом андоза инсонро аз бемории сил муҳофизат мекунад? Ба ин суол Умриниссо Садриддинова, доктори илмҳои тиб, профессори фтизио-пулмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино посухи муфассал дод:

“Ваксинаи БСЖ аз микробҳои зиндаи сил, ки хосияти беморипайдокуниаш паст карда шудааст, омода мешавад. Воридсозии он ба қабати пӯсти кӯдаки навзод масунияти зиддисилии ӯро баланд мекунад.

Фарз кардем, агар дар рӯзҳои аввали ҳаёт ягон зиддинишондод дошта бошад, ваксинагирии БСЖ дертар гузаронида мешавад. Агар то 3 моҳ ин ваксина ба бадани кӯдак ворид карда нашавад, баъд ташхиси туберкулинӣ гузаронидан лозим аст. Дар ҳолате, ки модар ба ягон ҷой рафт ва тифлаш дар қайд набуд, то яксолагӣ ё ҳатто дусолагии кӯдакаш ба духтур муроҷиат карда метавонад. Аввал ташхиси туберкулинӣ мегузаронанд ва агар кӯдак сироят наёфта бошад, воридсозии ваксинаи БСЖ ба бадани ӯ шарт ва зарур аст, то масунияти зиддисилӣ пайдо намояд.

Ин ваксина кӯдакро аз сироятёбӣ ё беморшавӣ пурра ҳимоя намекунад, агар вай бо шахси бемори сили роҳҳои нафас, ки хориҷкунандаи микроб аст, дар тамос бошад. Лекин ба шаклҳои вазнин, чун сили пардаҳои мағзи сар (менингит), сили пошхӯрдаи шадид, сили казеозӣ (яъне шуш мепӯсад) ва умуман, шаклҳое, ки ба фавт оварда мерасонанд, гирифтор намешавад. Агар кӯдак сироят ёбад ва ё бемор шавад ҳам, шакли сабукро мегузаронад ва зуд солим мегардад”.

Амалишавии барномаҳо – заминаи солимии аҳолӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда Барномаи миллии иммунопрофилактикаро барои солҳои 2016-2020 роҳандозӣ карда буд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ устувор нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ буд, ки дар он давраи панҷсола зиёда аз 95 фоизро ташкил дод.

Айни замон амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷараён дорад. Зимнан шабакаи мавҷудбудаи марказҳои иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуди шаҳру ноҳияҳо истифода мешаванд, ки ҳамарӯза кӯдакон ва наврасонро иммунизатсия мекунанд.

Ҳамчунин татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 идома дорад. Фарогирии оммавӣ бо ваксинаи БСЖ (Батсилла Калмет-Жерен) ҳангоми таваллуд ва таъмини мунтазами он дар шумори чораҳои пешгирикунандаи бемории сил муқаррар шудаанд. Зимнан як вояи ваксинаи зиддисилии БСЖ ба ҳамаи навзодон бояд ҳарчи зудтар пас аз таваллуд гузаронида шавад. Чунин тадбирҳо ба коҳиши паҳншавии бемории сил мусоидат мекунанд.

Тибқи омори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, тӯли 4 соли гузашта сатҳи фарогирии кӯдакон бо ваксинаи БСЖ дар Тоҷикистон беш аз 98 фоиз будааст.

Овозаҳои беасос ва роҳу воситаи ислоҳ

Тамоми хизматрасониҳои иммунопрофилактика барои кӯдакон ва наврасон дар доираи барномаҳои давлатӣ ройгон аст. Аммо бо вуҷуди чунин имконият, баъзе волидоне ҳастанд, ки бинобар надоштани маълумоти дуруст ва паст будани саводнокии тиббӣ, ба овозаҳои беасос бовар карда, аз хизматрасониҳои ройгони иммунопрофилактика даст мекашанд. Ин тарзи муносибату рафтори онҳо ба вазъи молиявии оила ва буҷаи давлат таъсири манфӣ расонида метавонад.

Роҳу воситаи ислоҳи вазъият аз дидгоҳи равоншинос Аврангзеб Исомиддинов чунин аст: “Барои тағйир додани муносибату рафтори одамон нисбат ба иммунизатсия, роҳандозӣ ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ бо такя ба маълумоти илмӣ муҳим аст. Дар ҷараёни ин гуна маърака зарурат ва манфиати ваксинагирӣ барои саломатии аҳолӣ фаҳмонида мешавад. Ҳамзамон барои аз байн бурдани овозаҳои бардурӯғ ва нофаҳмиҳо, бояд аз сарчашмаҳои боэътимоди маълумот истифода шавад, то ин ки иттилооти дурусту дақиқ ва равшану возеҳ ба ҷомеа пешниҳод гардад”.

Ҳифзи саломатӣ аз нигоҳи шаръӣ

Ҳамсуҳбати дигари мо – Фотима, ки дар оилаи рӯҳонӣ зиндагӣ дорад, дар масъалаи ваксинагирии фарзандонаш дучори мушкили хонаводагӣ шудааст.

“Шавҳарам розӣ намешавад, ки кӯдаконро ваксина гузаронам. Зеро ба андешаи ӯ, ваксина барои солимии кӯдак таъсире намегузорад ва ҳар чизе, ки дар давоми ҳаёт рух медиҳад, вобастаи сарнавишт аст”, — нақл кард Фотима.

Ба гуфтаи ин зани ҷавон, ҳар сари чанд вақт кӯдаконаш гирифтори ин ё он беморӣ мешаванд. Ҳамшираи шафқат ҳамеша ба ӯ таъкид мекунад, ки фарзандонашро бояд ваксина гузаронад, то масунияти баданашон бақувват шавад.

“Ман наметавонам, бе розигии шавҳарам коре анҷом диҳам. Дар хонаводаи ҳамсарам ягон кас маълумоти тиббӣ надорад ва намедонад, ки ваксина аз чӣ омода мешавад, вале шавҳарам онро нолозим меҳисобад”, — афзуд Фотима.

Дар шарҳи ин масъала Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: “Аз нигоҳи шаръӣ ҳифз кардани бадан ва саломатӣ аз ҷумлаи муҷибот аст. Модоме ки гузаронидани ваксина аз нигоҳи тиббӣ муҳим аст ва онро тамоми табибон эътироф кардаанд, бояд ҳар як фарди мусалмон барои солимии худу фарзандонаш истифода барад. Вақте инсон ба тавсияҳои табибон риоя накарда, онҳоро сарфи назар мекунад ва мубталои беморӣ мегардад, тибқи шариати исломӣ ҳамон шахс гунаҳкор ҳисоб мешавад. Вақте ки як инсон дидаву дониста аз табобат дасткашӣ мекунад, ин ба манзалаи худкушӣ аст. Дар шароити феълӣ ваксина аз гирифторшавӣ ба бемориҳо ҳифз мекунад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки фарзандони худро ба ин ваксинаҳо фаро бигиранд, то онҳо солиму бардам ба камол бирасанд”, — изҳор дошт Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

Маҳина Давлатова, хабарнигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *