Озмун ба муносибати 400 солагии Сайидои Насафӣ

 Бахшида ба 400-умин солгарди зодрӯзи яке аз мутафаккирони забардасти адабиёти классики асри 17-и тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳфилу чорабиниҳои илмӣ-адабӣ баргузор гашта истодааст.

 Чунин як озмуни ноҳиявӣ бахшида ба 400 солагии ин адиби шинохта миёни омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар шаш қисмати озмун аз қабили маълумот бобати ҳаёту фаъолияти Сайидо, қироати шеърҳо аз ашъори шоир, шарҳи яке аз асарҳои адиб, сурудхонӣ аз ашъори Сайидо ва тарануми Истиқлолу Ватан, саволу ҷавоб оиди ҳаёту фаъолияти Сайидо, тасвири расми адиб ё ягон китоби ӯ, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики зиёда аз 60 муассисаи таълимии ноҳия миёни ҳам сабқат намуданд.

Вобаста ба шарти якуми озмун, ки маълумот оиди ҳаёт ва фаъолияти Сайидои Насафӣ буд, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти муассисаҳои таълимии ҷамоати Меҳнатобод маълумот дода, тавлиди шоирро тахмин ба асри 17 ва зиндагии ӯро бошад, сахту сангину тоқатфарсо маънидод карданд. Гуфта шуд, ки тангии рӯзгор дили Сайидоро ба мурғи бе болу пар ва манзилашро ба нолаи ҷуғз монанд карду гардиши айём ҳатто бурёи шоирро ба яғмо бурд.

Омӯзгорони муассисаҳои таълимии Сарвати Истиқлоли ноҳия бо қироати порчаҳои назмӣ аз ашъори панду ахлоқии шоир руҳи ӯро шод карданд. Дар ҷараёни баромадҳои омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён атрофи асари “Баҳориёт” ва “Шаҳрошӯб”-и шоир андешаҳои ҷолиб баён шуда, онҳоро таҳавуллот ва навгонӣ дар адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷик арзёбӣ карданд. Ҳамчунин аз ҷониби баромадкунандагон иброз гардид, ки ғазал дар эҷодиёти шоир мавқеъи баргузида дорад. Шоири мардуму мақбулу тавоно ба мавзӯи суннативу асосии ғазал, ки ишқ аст, ҷадидият ворид карда, онро ба ҳаёти сангину сахту тоқатфарсои худу мардуми касбу кори гуногун бахшид.

Ҳамин тариқ, дар ҷараёни бахшҳои боқимондаи озмун тариқи саволу ҷавоб ва тасвири симои зиндаи шоир дар толор аз ҷониби муҳассилин, ба рӯзгори то як андоза норӯшани шоири зиндаёд Миробид Сайидои Насафӣ рӯшанӣ бахшиданд.

Дар ҷамъбасти озмун беҳтарин иштирокчиён аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.

          Ҷомӣ ХАЛИФАЕВ

            вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *