Озмуни бесобиқаи милисаҳои Душанбе барои шаҳрвандон

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар мавриди пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, озмун эълон кардааст.
Акнун шаҳрвандон метавонанд кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноӣ, аз қабили муноқиша, беназмӣ, озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмми ин ниҳод фиристанд.
«Махфӣ мондани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи ифтихорӣ бо мукофотпулӣ — барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дувум 3 ҳазор сомонӣ, барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ — муқаррар гардидааст», — омадааст дар иттилоияи раёсат.
“Ин иқдоми РВКД-и Душанбе бесобиқа аст ва барои пешгири кардани ҷинояткорӣ садди бузурге хоҳад шуд. Зеро ин ҳамкории воқеии байни мардум ва ин сохтори ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Ин ташббус шоистаи дастгирист”-мегӯяд рузноманигор Олима Раҷабова
Тавре гуфта мешавад, маводи пешниҳодиро дар озмун комиссия таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ карда, ба навору расме бартарӣ дода мешаванд, ки агар хусусияти пешгирикунанда ва ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро дошта бошанд.
Муҳлати охирини қабули аксу наворҳо 25 декабри соли 2021 мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.