Оғози машқҳои низомии “Бародарии шикастнопазир-2025” дар Тоҷикистон (аксҳо)
20 октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон маросими ифтитоҳи машқҳои муштараки нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2025” ва тамринҳои махсуси “Монеа-2025” баргузор шуд.
Дар он сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода, дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов, сардори ситоди муштарак Андрей Сердюков, инчунин ҳайатҳои низомии Белорус🇧🇾, Қазоқистон🇰🇿, Қирғизистон🇰🇬, Русия🇷🇺 ва Тоҷикистон🇹🇯 иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ генерал Саидзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории фаъоли амниятӣ дар доираи СААД аст.




Ба гуфтаи дабири кулли СААД, Имангалӣ Тасмагамбетов, баргузории ин размоишҳо барои таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии нерӯҳои кишварҳои узв аҳамияти муҳим дорад.
Дар машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” беш аз 1500 афсару сарбоз, зиёда аз 200 техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин иштирок доранд.
Машқҳо ба такмили омодагии ҳарбӣ, баланд бардоштани қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва таъмини амнияти биологӣ нигаронида шудаанд.
Ҳамзамон, марҳилаи ниҳоии ин тамринҳо бо машқҳои зиддитеррористии кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Иттиҳоди зиддитеррористии 2025» баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ