Паҳлавони навраси тоҷик дар Рим ҷойи панҷумро гирифт

Дар шаҳри Рими Италия Чемпионати ҷаҳонии куштӣ миёни наврасони то 17-сола баргузор шуд. Ин мусобиқа аз 25 то 31-юми июл идома кард.

Дар чемпионат 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок карданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Муҳаммадамин Абдуллоев (80 кг) дар гӯштини тарзи озод ҷои панҷумро гирифт.

Ў дар ҳаштякфинал варзишгари Швейтсария Ноаҳ Счваллер, дар чорякфинал намояндаи Арманистон Папин Ҳунанянро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари Эрон Ризо Сулаймониён ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм аз варзишгари Амрико Закарӣ Ридер мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати куштии Осиё миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев сазовори медали нуқра шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.