Паҳлавони тоҷик дар Абу-Даби барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебарад

Дар назар аст, ки рӯзи 5-уми ноябр дар Абу-Даби паҳлавони тоҷик Шавкат Раҳимов барои унвони Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи IBF бо бритониёӣ Ҷо Кордина мубориза мебарад.

Раҳимов (16-0-1) бо Ҷо Кордина (15-0) дар ҳоле вомехӯрад, ки вай аввалин дифоъро анҷом медиҳад. Сабқати асосии рӯз дидори ин ду варзишгар хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат аллакай барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF муштзанӣ карда буд. Баъдан рақибаш Ҷозеф Диас вазни заруриро нишон дода натавонист ва камарбандро аз даст дод. Пас аз 12 даври мубориза мусовӣ сабт шуд ва камарбанд озод монд.

Ҳоло Раҳимов хамрохи ҳамдастааш Муҳаммад Яъқубов ба мубориза таҳти роҳбарии мураббии номӣ Фредди Роуч омодагӣ дида истодааст.

Шавкат Раҳимов 14-уми августи соли 1994 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст. Вай муштзани ҳирфаӣ буда, дар вазнҳои сабуку ниммиёна рақобат мекунад. Мавсуф нимаи аввали солҳои 2010-ум тими бокси Тоҷикистонро намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ миёни ҳаваскорон буд. Дар байни муштзанҳои касбӣ собиқ довталаби ҳатмӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF (2019-2021) ва қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар вазни нимсабуки дуюм аз рӯи IBO (2017-2019) аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.