Пахши видеои бераҳмона задани фарзанд аз ҷониби модар (аудио)

«Брен милисара фарёд кунед». Ин садои ҳамсояе буд, ки модарро аз бераҳмона задани фарзандаш боздошт. Вагарна, ин модари бешафқат бо чӯбдасташ латукӯби фарзандашро идома медод.

Видеои бераҳмона задани фарзанд аз тарафи модараш дар гуруҳи иҷтимоии «Parviz tv» пахш шуд. Корбарон ин видеоро дида, аз мақомоти милитсия талаб доранд, ки шахсияти ин модарро муайян созанд ва ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.

Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна модар кӯдаки ноболиғро бо чӯби сахт мезанад. Кӯдак дод мегӯяд, ки «Оча, бас кун» ва нолиши баланде дорад. Аммо ин суханони илтиҷоомез дили модари сангдилро об накардаанд.

Шоҳиди ҳодиса, ки ҳамаи онро ба навор гирифтааст ва ҳамсояаш мебошад, дар охир дилаш тоқат накарда, дод мезанад: «Брен милисаро фарёд кунед».

Аз рӯйи баъзе маълумоти дар шабакаҳо паҳншуда, навор дар 9-ум километри шаҳри Душанбе сабт шуда, вале кай, маълум нест.

Интизори посухи мақомоти милитсия ҳастем. Зеро ҳеҷ ҷиноят аз назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон намемонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.