Пайрави Имоми Аъзам. Меҳрнома бахшида ба 60-солагии профессор Шарифмуроди Исрофилниё

“Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ”. Ин зарбулмасалест, ки дар зимни хеш маъно ва мафҳуми амиқеро дар бар гирифтааст. Моро аз он хабар медиҳад, ки қадри ҳар чизи арзишмандро инсони оқилу хибра метавонад дарк кунад, зеро ҳар шахсе, ки илму дирояти кофӣ надошта бошад, наметавонад дар бораи шахсияте баҳогузорӣ карда, фикру андешаи хешро иброз намояд ва ё ҳар чизи арзишмандро наметавонад қадрашро бишиносад.

Барои исботи ин гуфтаҳо достонеро мехоҳам ёдовар шавам.

«Марди ҷавоне ба дидани Зунуни Мисрӣ (яке аз уламои қарни сеи ҳиҷрӣ) рафт ва аз Сафёни саврӣ (яке аз донишмандон ва имонони ҳамон давр) бадгӯӣ кард. Зунуни Мисрӣ ба хотири он, ки он ҷавон аз иштибоҳи хеш пай бибарад, ангуштариеро аз ангушташ берун оварда, ба он марди ҷавон дод ва гуфт:

– Ба бозори дастафурӯшон бирав ва бубин ин ангуштариро ба чӣ қимате мехаранд.

Он марди ҷавон ба бозори дастафурӯшон рафта, он ангуштариро ба ҳамаи бозориён нишон дод, вале ҳеҷ кас қодир нашуд бештар аз як сиккаи нуқра ба ӯ бипардозад. Он ҷавон бо нороҳатӣ ба назди Зунун баргашта, моҷароро ба ӯ баён кард. Зунун барои он марди ҷавон гуфт: – Акнун ин ангуштариро ба бозори гавҳарфурӯшон бибар ва қимати онро суол кун. Он марди ҷавон ба бозори гавҳарфурӯшон рафт ва он ангуштариро ба гавҳарфурӯшон нишон дод, онро ба ҳазор сикка харидорӣ карданд. Он марди ҷавон шигифтзада ба назди Зунун баргашт. Зунун барои ӯ гуфт:

– Илму фаҳмиши ту ба роҳу равиши Сафёни Саврӣ ба монанди илми дастафурӯшон ба ин ангуштарӣ аст. «Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ».

Мутаассифона имрӯз баъзе нафароне вуҷуд доранд, ки аз қадри илму уламо, устодону муаллимони хеш бехабар монда, суханони носанҷидае дар ҳақашон мегӯянд. Ҳақ ба ҷониби Хоҷа Ҳофиз аст, ки хуб гуфтааст:

Оҳоҳ аз дасти саррофони гавҳарношинос,

Ҳар замон хармӯҳраро бо дур баробар мекунанд.

Олимон ва муаллимоне, ки дар ҳақиқат барои халқу миллат ва фарҳанги хеш заҳмат мекашанд, шоистаи таҳсин ва эҳтироманд, бояд қадрдонӣ карда шаванд ва дар ҷомеаи имрӯза аз илму маҳорат ва малакаи онҳо хуб истифода карда шавад, зеро миллат имрӯз ба илму дироят ва усули таълими инҳо бисёр ниёз дорад.

Дар ин маврид сухани аввалро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб иброз дошта, эҳтироми олимону омӯзгоронро дар мадди аввал гузоштаанд.

Дар идомаи ин гуфтаҳо мехоҳам аз марди наҷибе, ки бештари ҳаёти хешро дар роҳи илму маърифат ва таълиму тарбияи фарзандони ин миллат сипарӣ намуда, имрӯзҳо ба синни мубораки шаст қадам мегузорад, чанд сухани шогирдона бигӯям.

Устоди азиз Шарифмуроди Исрофилниё, аввал расидан ба ин синни муборакро бароятон табрик мегӯям ва дуо мекунам, ки илоҳо садсола шуда, баъд аз он давлати пирӣ биронед! Маълум аст, ки олимон ҳарчанд ба синни бузургӣ бирасанд, ҳамон қадар маҳбубтар ва барои миллаташон гаронбаҳотар мегарданд. Дар ин давру замоне, ки фарзандони ин миллат ва кишвари азизи мо Тоҷикистон ба шумо баринҳо бештар ниёз доранд, синни шастсолагӣ синни пирӣ нест, балки айни камолоти илму маърифат ва тарбияти шогирдони болаёқат аст.

Устоди азиз! Ман пеш аз оне ки бо шумо ошно шудам, се сол барои гирифтани мавзуи рисолаи номзадӣ саргардон мегаштам, аз донишгоҳҳо ва институтҳо устодон барои ман мавзуъ пешниҳод мекарданд, вақте ки ман маводҳоро ҷамъоварӣ мекардам, баъзеи онҳо мегуфтанд ин мавзуъ коркарда шудааст, мавзуи дигар мекобем ва баъзеи дигар баҳонаҳое пеш меоварданд, ки хандаовар буд, ба ҳамин тартиб се сол ман саргардон мегаштам. Дар хотирам ҳаст он рӯзе, ки бо машварати баъзе дӯстон ва шогирдон ба назди шумо рафтам ва бо шумо аз наздик ошно шудаму ин саргардониву сарсониҳои ман ба итмом расид. Он вақт шумо раҳбарии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба уҳда доштед. Вақте ман бо шумо суҳбат кардам, аз қазияи ман огоҳ шудед, бо самимият гуфтед: “Мавзуъ ҳам меёбем ва роҳбарӣ ҳам мекунем!”. Дар он чанд лаҳза суҳбате, ки ман бо шумо доштам, маро дарк намуда, мавзуеро аз хотироти ман берун кашида, болои коғазе навишта, ба ман пешниҳод кардаву гуфтед: “Сари ҳамин мавзуъ мо бо шумо кор мекунем…”.

Устоди азиз! Ман аҳсан мегӯям бар он илму заковати шумо, он мақсадеро, ки баъзе нафарон дар муддати се сол натавонистанд аз ман бифаҳманд ва ё шояд нахостанд, шумо дар як суҳбати самимӣ онро дарк намудед ва мавзуеро ба ман пешниҳод намудед, ки мақсаду мароми ман буд. Ман бисёр мехостам сари ҳамин мавзуъ кор кунам, хизмати нафареро барои ҷомеаи имрӯза муаррифӣ намоям, ки яке аз фарзандони фарзонаи ин миллат аст ва мазҳабу роҳу равиши он фарзона барои ин миллат дар тӯли таърих хизматҳои шоёне кардаасту беш аз ҳарвақта дида имрӯз миллати шарифи ман ба мазҳабу роҳу равиши он дар зиндагии имрӯзаашон ниёзманданд.

Он мавзуъ «Таълими рӯзгору осор ва ақидаҳои педагогии Имоми Аъзам дар муассисаҳои таълимӣ» буд. Худованд медонад, ки ман чӣ қадар он рӯз шод будам, ҳаргиз суҳбати он рӯзро фаромуш намекунам. Пас аз чанд рӯз шурои тасдиқи мавзуҳои довталабон баргузор гардид, ки яке аз онҳо ман будам, ҳангоми баррасии мавзуи интихобшуда баъзе аз устодон ихтилофи назар доштанд. Шумо бо ҳамон ҳайбату салобати олимонаи хеш гуфтед:

– Ин муаллими Донишгоҳи исломӣ аст, барои донишҷӯёни ин даргоҳ ин мавзуъ ба кор хоҳад омад.

Ва ҳамин тавр, ин мавзуъ тасдиқ гардид.

Ин мавзуъ бо иршоду роҳнамоии шумо ба шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод гардида, баъди баррасии устодон ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфт ва ман соҳиби унвони номзади илмҳои педагогӣ гардидам. Баъдан, ин рисола бо роҳнамоии шумо ба як китобе мубаддал гашт, ки солҳои дароз фарзандони ин миллат аз он истифода мебаранд. Ман аз шумо хело миннатдорам.

Устоди азиз! Ман ҳамеша дуогӯйи шумо ҳастам, чунки Имом Абуҳанифа (р) фармудааст: «Ман ҳар вақте ки дар ҳақи падарам дуо кунам, ҳатман устодамро низ ёдовар мешавам». Кош ҷавони имрӯзи ватан аз ин гуфтаи Имоми мазҳабашон ва фарзанди фарзонаи миллаташон хабардор мебуданд, эҳтироми падар ва устоди хешро ба ҷо меоварданд, аз ин ахлоқу одобашон ҷомеаи имрӯзи мо шукуфон мегашт ва худашон низ соҳиби илму маърифат ва эҳтирому эътибор дар зиндагии ояндаашон мегардиданд.

Устоди азиз, Шарифмуроди Исрофилниё. Шуморо барои расидан ба синни мубораки 60 табрику таҳният мегӯям ва аз даргои Илоҳӣ хоҳонам, ки дар оянда низ шуморо солиму бардам нигоҳ дорад ва ҳамеша ҳамчун гуле дар баҳорон шукуфон бошеду табъатон болида бошад, зеро табъи болида барои як олим – ин армуғоне барои миллат аст.  

Мирзоҳомид САИДАҲМАДОВ,

хатиби масҷиди маҳаллаи «Панҷрӯд», номзади илмҳои педагогӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *