Пайвандгари Мазори Шарифу Тирмизу Кобулу Пешовар кӣ хоҳад буд?

Бо ҳузури толибҳо дар Тошканд татбиқи лоиҳаи фароминтақавии роҳи оҳани Тирмиз — Мазори Шариф — Кобул — Пешовар баррасӣ шуд

Тибқи иттилои корхонаи «Роҳи оҳани Ӯзбекистон», лоиҳаи мазкур нахуст дар доираи сеҷониба, бо ҳузури намояндагони Афғонистон, Ӯзбекистон ва Покистон баррасӣ гардид.

Ба гуфтаи манбаъ сипас ба баррасии тарҳ намояндагони ҷониби Русия ва Қазоқистон низ пайваст шуда, мувофиқа кардаанд, ки мулоқотҳоро мунтазам баргузор намоянд.

Мувофиқи иттилооти   пешакӣ, бунёди ин хат ҳудуди 5 миллиард доллар арзиш дошта, зарфияти интиқоли ҳудуди 20 миллион тонна борро дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Адулғанӣ Бародар, ноиби аввали раиси ҳукумати толибҳо бо Исматуллоҳ Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, иқтисод, энержӣ, нақлиёт ва ғайра гуфтаанд.

Дар ҳамин замина ширкати ҳавоии афғонистонии «KamAir» нақша дорад, ки ба зудӣ парвозҳои миёни Кобулу Тошкандро роҳандозӣ кунад, ки ҳафтае ду бор анҷом мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.