Панҷ медали варзишгарони Тоҷикистон аз Бишкек

Чемпионати куштии Осиё миёни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-23), ки 19-уми июн оғоз ёфта буд, ба анҷом расид, ки дар он намояндаҳои Тоҷикистон боз ду медал ба даст оварданд.

Миёни ҷавонон (U-23) дар куштии юнонӣ-римӣ варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни -55 кг медали нуқра ба даст овард. Азизов дар даври аввал бар Аҷай Аҷайи ҳиндустонӣ ғалаба карда, дар даври дуюм аз варзишгари Қазоқистон Ерсин Абир шикаст хўрд. Сипас дар даври сеюм бар варзишгари мизбон Уран Муратбек уулу пирўз гардид ва дар даври чорум аз намояндаи Ӯзбекистон Ихтиёр Ботиров мағлуб шуд.

Дар куштии тарзи озод Мустафо Аҳмадов дар вазни -70 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ў дар даври аввал бар Бегиҷон Кулдошев аз Ӯзбекистон, дар даври дуюм бар Каран Каран аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар даври сеюм аз Орозобек Токтомамбетови қирғизистонӣ шикаст хӯрд. Сипас, қувваозмоиро дар нимфинал идома дод, вале аз варзишгари Қазоқистон Досжан Ассетов мағлуб гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари Туркманистон Арслан Аманмуродовро шикаст дод.

Дар ин мусобиқа варзишгарони мо дар умум 5 медал — 3 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои нуқраро Суннат Абдуллоев (юнонӣ-римӣ, -65 кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (тарзи озод, -80 кг) миёни наврасон, Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55 кг) миёни ҷавонон сазовор шуданд. Ҳусейн Ҳасанов (юнонӣ-римӣ, -60 кг) миёни наврасон, Мустафо Ахмедов (тарзи озод, -70 кг) миёни ҷавонон медали биринҷӣ гирифтанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.