Панҷараву балконҳои худсохтро дар Душанбе мекананд

Панҷара ва балконҳои худсохт аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе канда мешаванд.

Дар ин бора Самӣ  Азизиён, сармеъмори пойтахт зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда қайд кард, ки панҷараҳои худсохт ба намуди зоҳирии биноҳо халал ворид мекунанд. Ба гуфтаи Азизиён, ин тасмими шаҳрдорӣ дар охири соли гузашта гирифта шуда, аз 2 январи соли равон дар кучаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ беш аз 1000 панҷара ва балконҳои худсохт канда шуданд ва ин кор идома хоҳад ёфт.

Самӣ Азизиён гуфт, ки дар сурати зарурат барои бехатарӣ аз дохили биноҳо тӯрҳои бехатарӣ насб карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *