Панҷакент: Хориҷиён замини назди ҳавлигӣ мегиранд

 Чуноне сомонаи Ахбор хабар медиҳад, дар ҳоле ки садҳо хонавода дар Панҷакент дар навбати замин истода, 80 дарсади шикояти мардум ҳам марбут ба масъалаи замин аст, мақомоти Панҷакент ба чандин шаҳрванди Узбекистон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва саҳми замини корам ҷудо кардаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, зиёда аз 80 дар сади муроҷиату шикояти шарвандони шаҳру деҳоти Панҷакент ба ниҳодҳои қудратӣ, раиси шаҳр, раиси вилоят ва дастгоҳи Президент, матбут ба масъалаи замин будааст.

Ҳамарӯза даҳҳо шикояти сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, барои ҳаллу баррасӣ ба суду прокуратура ва ниҳодиҳои дигар ирсол мешаванд.

Чунин ба назар мерасад, ки ин мушкилоти мардум ба ҷои коҳиш рӯз аз рӯз зиёд гардидаву ҳалли он мураккабтару чуқуртар шудан дорад.

Имрӯз сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент бо масъалаҳои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, гирифтани саҳми замини корам, тақсимоти заминҳои обӣ, ғасби худсаронаи заминҳо, ғайриқонуни вобаста намудани қитъаи замин ва даҳҳо дигар проблемаҳои дигар дучору бобати ҳалли он ҳар рӯз сарсонанд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳатто ба нафароне, ки шаҳрванди дигар давлат ҳастанд, дар Панҷакент қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва саҳми замини корам дода шудааст.

Аз ҷумла дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош, ба номи ду нафар: Ҳомидов Фахриддин ва Аҳроров Бобирбек дар асоси қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 08.12.2011 таҳти №413 замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст, ки ин нафарон шаҳрвандони давлати Ӯзбекистон будаанд.

Аз рӯи маълумотномаи Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Панҷакент, қитъаи замини мазкур, ки ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дода шудааст, ҳанӯз соли 1999 бо қарори маҷлиси правленияи колхози Амир Темур ба шаҳр ванд Аҳмонов Аъзамқул ҷудо шуда буд.

Аммо соли 2011 ин мавзеъ боз ба Ҳомидов Фахриддин, Аҳроров Бобирбек ва Ӯзбеков Раҷаб тақсим карда дода шуд, ки ду нафари аввал, тибқи маълумотҳои ба дастомада, дар давлати Ӯзбекистон зиндагонӣ доштаанд.

Шаҳрвандони дигар давлат ва соҳиби қитъаи замин будани Ҳомидов Фаридун ва Аҳроров Бобирбекро сокинони деҳаи Чорбоғ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ тасдиқ мекунанд.

Маълумотномаи раиси ҷамоат деҳоти Косатарош, Тағозода Шомурод, ки нусхаашро сомонаи «Ахбор» ба даст овард, айни замон дар давлати Ӯзбекистон будани Ҳомидов Фахриддин ва Аҳроров Бобирбекро тасдиқ мекунад.

Дар қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 08.12.2011 таҳти рақами №413 оиди додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокинони деҳаҳои Чорбоғ, Косатарош, Бедак ва Оқкӯтал ҳам ному насаби ин ду нафарро пайдо намудан мумкин аст.

Ҳамчунин ба иттилои чанд нафар аз сокинони деҳаи Чорбоғ, дар хоҷагии деҳқонии «Ирам” 2 нафари дигар Аҳроров Аброр ва Ҳомидова Зайнаб ҳам саҳми заминҳои корам ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои ҳамсӯҳбатони мо, ин ду нафар ҳам айни замон дар давлати Ӯзбекистон иқомат доштаанд. Деҳаи Чорбогӣ ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент, яке аз деҳаҳои ӯзбекнишин мебошад ва проблемаи вобаста ба замин дар ин деҳа зиёд ба чашм мерасад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3-юми октябр дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ бобати заминфурӯшӣ сухан ронда аз он интиқод намуда, буд, ки заминфурӯшӣ ба як дарди бедаво табдил ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *