3 медали самбочиён аз чемпионати ҷаҳон

13-15 октябри соли равон дар шаҳри Нови Сади Ҷумҳурии Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Медали нуқраро Сомон Сангов дар вазни 52 кило миёни наврасон ба даст овард. Медалҳои биринҷиро Умедҷон Муҳиддинов (62 кг) ва Садам Каримов (74 кг) миёни ҷавонон сазовор гаштанд.

Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо дар мусобиқот наздики 350 варзишгар аз 32 давлат дар 20 категорияи вазнӣ миёни наврасон (10 вазн – духтарон, 10 вазн — писарон) ва 20 категирияи вазнӣ миёни ҷавонон барои медалҳо рақобат карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *