Панҷакент мизбони чорабинии “Сӯзании Панҷакент” мешавад
Ҷашнвораи байналмилалии санъати халқӣ “Сӯзании Панҷакент” рӯзҳои 12 ва 13- уми декабр дар шаҳри Панҷакент барои аввалин бор баргузор мегардад.
Чорабинӣ мазкур ба муносибати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” эътироф гардидани шаҳри Панҷакент доир гардида, дар доираи он намоишгоҳи бузурги сӯзанӣ ва намоишгоҳи ҳунармандони маҳаллӣ ба маррази тамошо гузошта мешавад.
Ҳамчунин, вохӯрии ҳунармандон бо намояндагони Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ (IFAM Santa Fe) ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21-уми октябр шаҳри Панҷакентро расман ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” эътироф кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ