“Парасту” гузашт, “Наврӯз” оғоз мешавад!
Фестивал–озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2025”, ки рӯзҳои 14-21-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба охир расид. Маросими ҷамъбасти ҷашнвора бо ширкати вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён шоми 21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин дар ин маросим ҷоизаҳо ва туҳфаҳои ҷашнвораи “Парасту 2025” ба ғолибонашон тақдим шуд.
Тибқи хулосаи ҳайати доварони ҷашнвора Шоҳҷоизаи “Парасту 2025” насиби Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоишномаи “Достони Сиёвуш” гардид. Ин намоишро коргардон Баҳром Қурбонзода аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома” таҳия кардааст.

Ҳамин тавр:
Ҷои якум – ба Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи “Ял” дода шуд. Ин намоишнома аз рӯйи “Достони Исфандиёр”-и “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ аз ҷониби коргардон Умед Хисравов таҳия гардидааст;
Ҷои дуюм – ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара барои намоишномаи “Ривояти суғдӣ” дода шуд. Намоишро аз рӯйи асари нависанда Сотим Улуғзода коргардон С. Алимов таҳия кардааст;
Ҷои сеюм – ба Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоишномаи “Бозгашт” дода шуд. Ин намоиши мустанад дар асоси китоби хотироти Комил Ёрматов таҳия гардида, муаллиф ва коргардони он Фарҳоди Ғаффорпур аст.
Соҳибони ҷоизаҳои дигар ба таври зайланд:
Ҷоизаи фарҳанги волои саҳнавӣ – ба Низомиддин Раҳмонов барои нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар намоишномаи “Ахтаре аз Хатлонзамин”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб;
Ҷоизаи Беҳтарин ороиши саҳна – ба Хайрулло Давлатов барои намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ”-и Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар;
Ҷоизаи Беҳтарин намоиши лӯхтак – Театри давлатии лӯхтаки ба номи А. Мақсудии шаҳри Бӯстон;
Ҷоизаи Беҳтарин нақши эпизодӣ – ба Тоҳир Меликов аз Театри ӯзбекии драмавӣ – мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен;
Ҷоизаи Беҳтарин ансамбли ҳунарӣ – ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии Бохтар барои намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ”;
Ҷоизаи Беҳтарин нақши балет – ба Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоишномаи “Куруши Кабир”-и Театри опера ва балет;
Ҷоизаи Беҳтарин нақши занона – ба Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоишномаи “Евгений Онегин”-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов;
Ҷоизаи Беҳтарин нақши мардона – ба Дмитрий Мурзинов аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский;
Ҷоизаи Беҳтарин коргардон – ба Хуршед Мустафоев барои намоишномаи “Базм дар айёми вабо” аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский.
Дар маросими ҷамъбастии фестивал-озмуни “Парасту 2025” вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён хабар дод, ки аз 1 то 6-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» бо иштироки намояндагони театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мегардад.
Сатториён гуфт, ки ин фестивал барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» аз соли 1990 дар Душанбе баргузор мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ