Парлумон дӯстиро бо Русия бас кард

Парлумони Украина рӯзи 6-уми декабр лоиҳаи қонуни «Қатъи иҷрои созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии Украина ва Русия»-ро ба тасвиб расонд.

Лоиҳаро президенти Украина Петр Порошенко 3-юми декабр пас аз он ба парлумон пешниҳод кард, ки Русия се киштӣ ва 24 маллоҳи украинро дар тангнои Керч тирборон ва боздошт кард. Мақоми лоиҳаи қонун ҳамчун «фаврӣ» арзёбӣ шуд.​Пештар вазири умури дохилии Украина Павел Климкин хабар дода буд, ки дипломатҳои кишвараш аллакай иҷрои 48 созишнома бо Русияро қатъ карданд ва рӯзҳои наздик боз ҳудуди 40 қарордоди дигар бекор хоҳад шуд.Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории Украинаву Москваро раҳбарони ду кишвар — Леонид Кучма ва Борис Елтсин 31-уми майи соли 1997 имзо карда буданд. Он баъд аз тасвиби парлумони Украина ва Думаи давлатии Русия 1-уми апрели соли 1999 ба иҷро даромад. Украина низ аз ин созишнома расман аз 1-уми апрели соли 2019 хориҷ хоҳад шуд.Парлумони Украина 6-уми декабр қонуни дигареро қабул кард, ки ба марзбонон иҷозат медиҳад, дар сурати ҳамла ба ин кишвар бидуни огоҳӣ ҳамлагаронро паронанд. Дар қонун бо овардани банди алоҳидае гуфта шудааст, ки марзбонони украин ҳақ доранд, дар сурати ҳамла ба киштиҳои ин кишвар оташ кушоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *