Парвандаи марги кӯдаки дусола ба додгоҳ ирсол шуд
Парвандаи марги кӯдаки дусола дар кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб”-и шаҳри Душанбе, ки 19-уми май рух дода буд, ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Тафтиши пешакӣ нишон додаст, ки фаъолияти кӯдакистони “Саволу ҷавоб” ғайриқонунӣ аст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми июл изҳор дошт, ки иҷозатномаи ин муассиса аввали сол ба анҷом расида, вале ба қабули кӯдакон идома додааст.
Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар 744 кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки зиёда аз 114 ҳазор кӯдакро дар бар мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ