Парвозҳо миёни Самарқанд ва Душанбе баъд аз 6 сол барқарор шуданд
20 июл пас аз таваққуфи 6-сола аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Узбекистон иҷро шуд.
Минбаъд парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.
Нархи билет барои самти аз 608 ҳазор сӯм (тақрибан 460 сомонӣ) барои як тараф оғоз мешавад.
Мусофирон метавонанд чиптаро аз сомонаи centrum-air.com ва нуқтаҳои фурӯш дар ҳарду кишвар дастрас намоянд.
Соли 2018 пас аз таваққуфи 25-сола ширкати “Тоҷик-Эйр” парвози мустақимро дар масири Душанбе-Самарқанд оғоз карда буд, аммо ин хатсайр пас аз як сол боздошта шуд.
Рӯзи 19 июл ширкати “Centrum Air” парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошкандро низ ба роҳ монд.
Парвозҳо ҳафтае ду бор: рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Арзиши билет дар ин хатсайр 653 ҳазор сӯми узбекӣ (тақрибан 495 сомонӣ) муқаррар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ