Сафари Президент ба вилояти Хатлон

20 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои Раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.
Масоҳати умумии бино 749 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 3 ошёна ва 12 ҳуҷраи корӣ, толори калон ва хурди маҷлис иборат мебошад. Дар иншооти нав барои фаъолияти босамари 30 корманди соҳаи молияи ноҳия шароити корӣ муҳайё гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *