Пас аз 48 сол куллиёти Мирзо Турсунзода ба нашр расид
12-уми декабри соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии “Куллиёт”-и шашҷилдаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба чоп омода шуда, аз ҷониби нашриёти “Дониш” ба табъ расид, баргузор гардид. Дар ин маросим фарзанди устод Мирзо Турсунзода – Фирӯза Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни сухани ифтитоҳии хеш дар мавриди ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар даврони шуравӣ суҳбат кард. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки устод Мирзо Турсунзода на фақат ҳамчун шоири маҳбуб, балки чун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шуравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони Шуравӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ соҳиби обрӯву нуфузи хос буд.

“Нашри “Куллиёт”-и шашҷилдаи ходими давлатӣ ва сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба воқеияти фарҳангиву адабии кишвари мо саҳми арзишманд мегузорад. Ин маҷмӯа мутолиа ва таҳқиқи мероси пурғановати адабӣ ва фикрии устодро осон мегардонад ва барои хонандагон, донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқон манбаи боэътимод маҳсуб меёбад”,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар идомаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода, адабиётшиносон Аламхон Кӯчарзода, Беҳрӯзи Зебеҳулло, духтари устод Мирзо Турсунзода – доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода ва дигар олимону муҳаққиқон доир ба нақши устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ, таърихи сиёсат ва ташаккули фарҳанги Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Фарангис Шарифзода дар мавриди нашри куллиёти устод Мирзо Турсунзода гуфт: “Баъди аз олам даргузаштани устод Мирзо Турсунзода дар охири соли 1977, Комиссияи умумииттифоқие, ки барои омӯзиши мероси адабии шоир таъсис ёфта буд, барномаи густурдаеро пешниҳод намуд. Бар асоси қарори он Комиссия зарур шуморида буд, ки тамоми маводи бойгонии Мирзо Турсунзода – мактубҳо, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, ёддоштҳо ва навиштаҳои пароканда ҷамъоварӣ, танзим ва таҳлил гарданд. Ҳамчунин вазифа гузошта шуда буд, ки гурӯҳи олимони адабиётшиносу забоншинос ин мероси пурқиматро ба таври касбӣ омӯзанд ва барои нашр ба забони тоҷикӣ, инчунин маҷмуаи сеҷилдаи ашъори шоирро ба забони русӣ таҳия намоянд. Аммо мутаассифона, ин қарор – чун як қатор қарорҳои дигари вобаста ба омодасозӣ ва нашри мероси пуриқтидори устод дар саҳифаи коғаз боқӣ монд ва ба иҷрои комил нарасид. Инак, аз замони таъсиси он комиссияи умумииттифоқӣ то кунун 48 сол сипарӣ шуд ва ҳоло аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат, тавсияву ғамхориҳои Пешвои миллат дар хусуси гиромидошти бузургони илму адаб ва кӯшишу заҳмати ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода таҳия, нашр ва дастраси хонандагон хоҳад гардид”.

Куллиёти шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода ба мутолиаи амиқ ва таҳлили густардаи илмӣ ниёз дорад, ки албатта аз ҷониби мутахассисон сурат хоҳад гирифт. Дар ин нигошта банда зимни муаррифии ҷилдҳо ба баъзе нукот ишора хоҳам кард, ки ҳангоми варақ задани куллиёт мушоҳида кардам.
Ҷилди 1. Шеърҳо. Мураттибон: Беҳрӯзи Забеҳулло, Ҷамолиддин Саидзода, Лутфулло Шарифзода.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 465 саҳ.
Дар ин ҷилд қариб 400 шеъри шоир, ки дар анвоъи гуногун аз соли 1932 то соли 1977 суруда шудаанд, гирдоварӣ шудаанд. Ашъори шоир пас аз муқоисаву муқобала бо маводи бойгонии устод дар Осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода ва нашрҳои алоҳидаи ашъори шоир мураттабу такмил шудаанд. Мураттибон дар сарсухани ҷилди аввал менависанд: “Бархе аз шеърҳои шоир байни даҳаҳои 30-50-и асри ХХ фақат як бор дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шуда, аммо дар маҷмӯаҳои шеърии ӯ бо сабабҳои гуногун ҷой дода нашудаанд. Гурӯҳи кории тадвини Куллиёт ин шеърҳоро пайдо карда, дар шашҷилда ворид кардаанд. Дар маҷмуъ дар ҷилди якуми куллиёт (шеърҳо) зиёда аз 30 шеъри чопнашуда ва ё чопшуда дар матбуот, ки дар маҷмӯаҳои шоир ворид нашуда буданд, бори аввал дар Куллиёт дохил карда шуданд. Бархе аз ин ашъорро муҳаққиқон бори аввал аз дастнависҳои маҳфуз дар бойгонии шоир (Осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода), ки маъмулан ашъорашро ба хати форсӣ иншо мекард, пайдо карда, вориди Куллиёт намудаанд”. Гарчанде мураттибон дар таҳияи ин ҷилд заҳмати зиёд кашидаанд, вале тавре худашон низ иқрор кардаанд, ҷилд ҳанӯз мукаммал нест, зеро тавре адабиётшинос Атахон Сайфуллоев навиштааст: “Устод Мирзо Турсунзода шоире буд нисбат ба ҷамъоварии нашри осори хеш бепарво. Дар маҷмӯаҳояш шеъру достонҳое гирдиҳам омадаанд, ки ҳангоми ба чоп омода кардани онҳо дар дасташ буданд. Ӯ барои ҷустуҷӯйи ашъори парокандааш вақт ҳам надошт. Мураттибони осори ӯ низ чизҳои тайёрро аз нашрҳои пешинаи маҷмӯаҳояш гирифта китоб сохтаанд…”. Бинобар ин, пажӯҳишгаронро зарур аст, ки барои ҷустуҷӯйи ашъори парокандаи шоир идома диҳанд. Дар поёни ин ҷилд “Дар бораи худам” ном ёдномаи Мирзо Турсунзода илова шудааст, ки шоир онро ҳамчун сарсухан ба осори дуҷилдааш (1961) таълиф кардааст. Тавзеҳоти арзишманди илмӣ дар поёни китоб (429 тавзеҳот, наздик ба 60 саҳифа) низ арзиши ҷилдро афзуда, манбаи муҳим барои пажӯҳишгарон мебошад.
Ҷилди 2. Достонҳо. Мураттибон: Б. Забеҳулло, Ҷ. Саидзода, Л. Шарифзода.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 380 саҳ.
Дар ин ҷилд манзумаҳо ва достонҳои устод Мирзо Турсунзода гирдоварӣ шудаанд. Маълум мешавад, ки устод Мирзо Турсунзода давоми фаъолияти эҷодии худ 16 достон таълиф кардааст. Аз ҷумла “Ба эҷодкорам” (1935), “Офтоби мамлакат” (1936), “Хазон ва баҳор” (1937), “Оби ҳаёт” (1939), “Барои Ватан” (1941), “Писари Ватан” (1942), “Духтари ҳамсоя” (1949), “Мавҷи табрикҳо” (1950), “Ҳасани аробакаш” (1952-54), “Духтари муқаддас” (1955), “Садои Осиё” 1956), “Чароғи абадӣ” (1958), “Ҷони ширин” (1959), “Дар мамлакати тиллоӣ” (1955), “Роҳи нури офтоб” (1964), “Аз Ганг то Кремл” (1979). Бархеи ин достонҳо бисёр машҳуранд, ки хонандаи тоҷик онҳоро азёд медонад, вале чанде аз ин асарҳо, аз ҷумла “Ба эҷодкорам” (Барои адабиёти сотсиалистӣ, 1935, №10, бо номи “Хуҷанд”) ҳамагӣ як бор чоп шуда, на ҳама дар бораи онҳо маълумот доранд. Бинобар ин, дар як ҷилд ҷамъ овардани достонҳои шоир сазовори тамҷид мебошад. Ин ҷилд низ тавзеҳот дорад, вале он ноқис аст. Барои мисол мураттибон шарҳ намедиҳанд, ки чаро достони “Хуҷанд” номи “Ба эҷодкорам”-ро гирифтааст? Ё достони “Офтоби мамлакат” чанд маротиба ва дар куҷоҳо нашр шудааст? Ва чаро аз достони “Мамлакати тиллоӣ” фақат порчаҳо барои нашр интихоб шудааст? Ҳамчунин, дар охири ин ҷилд мақолае “Ба ҷойи охирсухан” (саҳ. 328-353) оварда шудааст, ки ба қалами кӣ тааллуқ доштанаш маълум нест…
Ҷилди 3. Асарҳои драмавӣ, либреттоҳо ва тарҷумаҳо. Мураттиб: Шоҳзамон Раҳмонов.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 605 саҳ.
Дар ин қисм драмаи “Ҳукм”, либреттоҳои “Хусрав ва Ширин” (1936), “Шӯриши Восеъ” (1937), “Тоҳир ва Зӯҳро” (1943), “Арӯс” (1945) оварда шудааст. Ҳамчунин, вариантҳои гуногуни либреттоҳо, ки дар Осорхонаи шоир маҳфуз буданд, ба ҷилд илова шудаанд, ки арзиши онро бештар кардааст. Тарҷумаи либреттоҳо ба забони русӣ низ шомили ин ҷилд шудааст. Ҳамчунин, осори Шота Руставели, А. С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Ҷамбул, А. Сурков, Самад Ворғун, Расул Ризо, Зулфия, Шароф Рашидов ва Анатолий Сафронов дар тарҷумаи Мирзо Турсунзода дар ин ҷилд чоп шудаанд. Тавзеҳоти ин ҷилд низ ноқис мебошад. Соли тарҷумаҳо ва нашри онҳо зикр нашудааст. Яъне тартиби таҳияи “Куллиёт” дар ин ҷилд риоя нагардидааст.
Ҷилди 4. Насри бадеӣ, публитсистика ва нақди адабӣ. Мураттибон: Лутфулло Шарифзода ва Беҳрӯзи Забеҳулло.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 609 саҳ.
Ин ҷилди куллиёти устод Мирзо Турсунзода насри бадеӣ, публитсистика ва нақди адабии шоирро фаро гирифтааст. Ин осорро устод Турсунзода дар арзи фаъолияти адабии худ эҷод кардааст, ки баёнгари дар зиндагии иҷтимоӣ ва маънавию сиёсии кишвар иштироки фаъол доштани ӯст. Дар он аз эҷодиёти давраи аввал то рӯзҳои охири ҳаёти ӯ интихоб гардидааст.
Ҷилди 5. Публитсистика. (Ба забони русӣ). Мураттиб: Ҷамила Муруватиён.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 507 саҳ.
Ҷилди мазкур дар асоси маводи архиви шоир, ки дар Осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода нигаҳдорӣ мешавад, ба чоп таҳия шудааст. Дар он 80 мақолаву маърӯзаҳои устод Мирзо Турсунзода пешниҳоди хонанда шудааст, ки қариб ҳамаашон бори аввал нашр мешаванд. Мураттиб дар таҳияи ин ҷилд заҳмати зиёде кашида, яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷилди куллиётро омода кардааст. Дар маводи ин ҷилд чеҳраи Мирзо Турсунзода ҳамчун сиёсатмадори дурандеш, шахсияти иҷтимоӣ, роҳбари дилсӯзи адибон, мунаққид ва адабиётшинос ҳувайдо мегардад. Вале камбудии асосии ин ҷилд надоштани тавзеҳот аст. Яъне маълум нест, ки шоир ин мақолаву маърӯзаҳоро кадом сол ва ба кадом муносибат таълиф кардааст. Ба назари банда, маҳз ҳамин ҷилд бештар ба тавзеҳот ниёз дошт, зеро он бозгӯкунандаи фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода аст.
Ҷилди 6. Мактубҳо. Мураттибон: Амирхӯҷа Абдураҳимов, Лутфулло Шарифзода, Муҳаббат Ҷалилова, Моҳшариф Табарова, Илоҳа Саидхоҷа.- Душанбе: “Дониш”, 2025.- 502 саҳ.
Номаҳое, ки мухлисон, шогирдон, ҳамқаламон ва шахсиятҳои номвари ҷумҳуриҳои дигар ба шоири маҳбуб, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиёву Африқо, устод Мирзо Турсунзода навиштаанд, бори аввал дастраси хонанда мешаванд. Дар ин ҷилд 540 нома гирдоварӣ шудааст, ки давоми солҳои 1935-1965 ба устод Мирзо Турсунзода фиристода шудаанд. Муҳтавои номаҳо гуногун ҳастанд, яке ба шоири маҳбуб ибрози муҳаббат мекунад, дигаре ҳали мушкилоташро мепурсад, сеюми шеърашро барои таҳрир мефиристад, нафари баъдӣ мақола ва ё шеър талаб мекунад ва ғ. Ин номаҳо ба таҳқиқи ҷиддӣ ниёз доранд ва интизори мутолиаи пажӯҳишгарон ҳастанд. Вале тавре ишора шуд, дар ин ҷилд номаҳое, ки то соли 1965 ба суроғаи шоир омадаанд, чоп шудааст. Номаҳое, ки аз соли 1965 то охири умри шоир, яъне соли 1977 ба унвони устод омадаанд, вориди куллиёт нашудаанд. Мураттибон дар сарсухани ҷилд ба ин ишора кардаанд: “… ҳоло ҳам дар бойгонии Мирзо Турсунзода номаҳо ва ҳуҷҷатҳои зиёди арзишманд боқӣ мондаанд, ки то ба имрӯз пурра омӯхта нашудаанд”. Яъне кори таҳияи номаҳои устод Мирзо Турсунзода идома дорад…
Ишора кардан ба се нуктаи дигарро зарур мешуморам:
1. Куллиёти мазкур ҳамаи осори шоирро фаро нагирифтааст, ки дар боло борҳо ишора кардем. Яке аз мураттибони “Куллиёт”, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Беҳрӯзи Забеҳулло ҳам зимни суханрониаш дар маросими рӯнамоӣ ба ин ишора кард. Ӯ гуфт, ки омӯзиши осори шоир нишон медиҳад, ки куллиёти устод Мирзо Турсунзода 10 ҷилд хоҳад шуд. Умед аст, ки Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ба омӯзиши эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода идома медиҳад ва куллиёти комили шоирро нашр хоҳад кард.
2. Куллиёти устод Мирзо Турсунзода бо теъдоди хеле кам, ҳар ҷилд ҳамагӣ 100 нусха (дар умум 600 нусха) чоп шудааст, ки аз рӯйи инсоф нест. Зеро устод Мирзо Турсунзода шоири маҳбуби мардуми тоҷик аст ва осораш хонандагони зиёд дорад. АМИТ дар доираи имконоташ ин китобро таҳияву нашр кард. Акнун месазад, ки нашриётҳо онро бо теъдоди зиёд чоп ва дастраси хонандагон кунанд. Лоақал зарур аст, ки як баста аз куллиёти устод Мирзо Турсунзода дар ҳар як китобхонаи мактабҳои кишвар бошад…
3. Шояд ин эроди ман бархеро ранҷонад, вале ҷилдҳои куллиёт серғалат чоп шудаанд. Тасҳеҳи онҳо дар нашрҳои баъдӣ баманфиат хоҳанд буд.
Дар умум, нашри “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода падидаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ аст ва тавре Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода таъкид кард, “оғози марҳилаи нав дар шинохти устод Мирзо Турсунзода ва эҷодиёти арзишманди ӯ”.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ