«Персеполис» шартномаашро бо футболбозони тоҷик қатъ мекунад?

Дар хабар аст, ки клуби футболи эронии «Персеполис» шартномаашро бо футболбозои тоҷикистонӣ Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров қатъ мекунад. Дар ин бора вебгоҳи sports.tj хабар додааст.

Ба навиштаи ин вебгоҳ, клуби эронӣ мехоҳад, ки қарордодашро бо ин бозигарон пеш аз муҳлат қатъ кунад. Эҳтимол дорад, ки ин бозигарон бо даста мутобиқ нашудаанд ва наметавонанд дар ҳайати он бозии хуб нишон диҳанд. «Ҳайати мурббиён мехоҳанд, ки ин бозигаронро ҷавоб диҳанд»,- менависад ин манбаъ дар такя ба маълумоти расонаҳои эронӣ.

Гуфта мешавад, ки футболбозони тоҷик дар ҳайати ин даста моҳе 110 ҳазор доллар музд мегирифтаанд. Дар ин бора радиои «Садои Хуросон» хабар додааст. Журналистон гуфтаанд, ки ин маблағ дар муқоиса ба музди дигар легионерҳо пули зиёде нест.

Футоболбозони тоҷик дар аввали моҳи ноябри соли гузашта ба дастаи «Персеполис» гузашта буданд ва то соли 2024 шартнома доштанд.

Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳили гуруҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи F ҷойи аввалро гирифтанд ва соҳиби роҳхат ба даври финалии ин мусобиқа шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *