куштор

Пешгирӣ аз говсуд. Барқияи Рамазон Раҳимзода Сайёраро наҷот медиҳад?

4-уми январи соли 2023 дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскав фоҷеаи хунин рӯй дод, ки мутаассифона, бо фавти як марди гурҷӣ ва боздошти ҷавонзани тоҷик анҷом ёфт.

Нашрияи “МК”, ки навори ҳодисаро нашр кард, менависад, ки фоҷиа рӯзи 4-уми январ, соати 16, вақте рух дод, ки дар толори қаҳвахона ҳамагӣ як муштарӣ хӯрок мехӯрд. Ошпази 50-солаи гурҷӣ Нугзар дар ошпазхона қарор дошт. 

Муноқишаи байни Сайёра ва ошпаз, ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба зани тоҷик сар шуд. Ба болои ин, Нугзар бо дастонаш Сайёраро аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад.

Сайёра дар пайи ин ошпазро дашномборон кардааст. Ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Нугзар сари қаҳр берун рафт, ки сигор бикашад, вале дар роҳ ба ёдаш расид, ки сигорашро бо худ нагирифтааст. Ӯ боз ба ошпазхона баргашт ва ҳарчанд ҳамкорон аз вай хостанд, ки то ором шудани Сайёра ба онҷо надарояд, вай даромад ва ҷанҷоли онҳо аз нав аланга гирифт ва ин дафъа ба мӯкашию латукӯб печид.

Дар сабти видеокамераҳо дида мешавад, ки мард ба зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, бо корде, ки дар наздаш буд, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Вақте “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷои ҳодиса расид, Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Сайёра бошад, тарки қаҳвахона карда буд.

Мутаассифона, баъди ташхис маълум шуд, ки марди гурҷӣ ҷон додааст. Сайёра Дусаеваи 36-соларо бошад, зуд дастгир карданд.

Ёвари раҳбари Раёсати тафтишоти вилояти Маскав Анна Тертичная хабар дод, ки дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумотҳо, ҷавонзани тоҷик 3-4 ҳафтаи охир дар қаҳвахона ба сифати зарфшӯ ба кор гирифта шуда буд. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш худаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро тарбия мекард. Писари ӯ имсол ба синфи як рафта буд. Ба гуфтаи ҳамкорон, Сайёра як зани хуб буд ва қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накарда буд. Дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ин қазия ба вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев В. А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати воқеъбинона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назорат қарор додани тафтиши ин қазия мусоидат намояд. Дар ин бора рӯзи 10-уми январи соли 2023 сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Ин ниҳод хотиррасон кардааст, ки “як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад”.

Қаблан даҳҳо нафар аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки Сайёра Дусаевро беҳимоят нагузоранд ва аз ӯ дифоъ кунанд, то ба маҳзи бесоҳибӣ “говсуд” нашавад. Рамазон Раҳимзода нахустин мақоми баландпояи Тоҷикистон аст, ки ба ҳимоят аз ҳуқуқи ин зани тоҷик садо баланд кард. Тақдири ояндаи Сайёра чӣ мешавад, инро вақт муайян мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.