Пешниҳод: Ба Баҳманёр унвон диҳед

Шоири шинохтаи тоҷик Мирзоҳусайни Бадалипур дар саҳифаи фейсбукии худ пешниҳод кардааст, ки «ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон — Тоҷикистон, ба хотири гиромидошт ва қадршиносӣ, ҳамзамон, такони раванди худогоҳию худшиносии миллӣ ба нависандаи маъруф, зиндаёд, Баҳманёр (Баҳманёр Аминӣ) баъди марг, унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шавад».

Ба назари банда, ин пешниҳод хеле саривақтӣ ва ба манфиати халқу миллат аст, зеро Баҳманёр аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ аст ва бояд ба ӯ чунин унвон дода шавад. Шумо чӣ мегӯед?

Х. Ҷумъаев

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.