Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Италия»
30 майи соли равон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нахустин ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Италия» баргузор гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши муҳим як қатор пешниҳодҳои созанда ва ташаббусҳои муҳимеро барои таҳкими робитаҳои бисёрсамта байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия ироа намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба аҳаммияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳо пешниҳод кард, ки бо дарназардошти иқтидори минтақа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ Хазинаи муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо Агентии содиротӣ — қарзии Италия (SACE) ва ширкатҳои пешрафтаи тиҷоратии италиявӣ таъсис дода шавад. Ин хазина метавонад нақши калидӣ дар ҷалби сармоя ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бозӣ кунад.
Бино ба иттилои хадамоти Сарвари давлат, Президенти кишвар имкониятҳои васеи Тоҷикистонро дар бахшҳои гидроэнергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабук, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ муаррифӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки доираҳои сармоягузории Италия бо истифода аз технологияи муосир дар рушди саноати кишвар саҳмгузор шаванд.
Ҳамчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи муваффақи ҳамкории амалии ду кишвар дар соҳаи саноати сабук ёдовар шуда, фаъолияти корхонаҳои муштарак бо сармояи италиявиро намунаи хуби ҳамкории судманд арзёбӣ карданд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат ҳамкориро дар бахшҳои инфрасохтор, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, энергетика, инчунин соҳаи маориф ва мубодилаи академӣ бо донишгоҳҳои Италия бо назардошти имкониятҳои “Эразмус Плюс” ва “Горизонт Аврупо” зарур шуморид.
Сарвари давлат зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карда, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Италия дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ иброз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ