Пешниҳодҳо ба Президент

10-уми майи соли равон вохӯрии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ баргузор мегардад. “Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки фишурдаи андешаҳо ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби муаллифони гуногун пешниҳод ва дар ҳафтанома чоп шудаанд, бори дигар чоп намояд.

дар ҳошияи мулоқот бо роҳбарони ниҳодҳои  иқтисодии Тоҷикистон

10-уми майи соли равон  вохӯрии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ баргузор мегардад. “Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки фишурдаи андешаҳо ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби муаллифони гуногун пешниҳод ва дар ҳафтанома чоп шудаанд, бори дигар чоп намояд. Шояд онҳо ҳангоми муҳокимаи мушкилоти иқтисодӣ ба дард хуранд.

Мехоҳед 22 миллиард 100 миллиард шавад?

Дар Тоҷикистон ниҳодҳои зиёде мавҷуданд, аммо ниёзҳо ва манфиати муҳоҷиронро бароварда наметавонанд. Дар 10 соли охир маблағгузории муҳоҷирон ба Тоҷикистон зиёда аз 22 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ягон институти молиявӣ ва вазорати Тоҷикистон чунин маблағгузорӣ карда наметавонанд. Дар ин замина пешниҳод дорам:

Якум, қабули қонуни муосир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ.

Дуюм, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа ва вазъи бозори меҳнати ҷаҳонӣ.

Сеюм, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои қабули муҳоҷирон.

Чорум, бо таҷҳизоти замонавӣ ва устодони истеҳсолии таҷрибадор таъмин намудани омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ва тайёр намудани мутахассисони бомаҳорат барои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар.

Панҷум, таъсис додани  ниҳоди алоҳида, яъне вазорат ва ё Кумитаи муҳоҷират ва диаспораҳо ва дар ин замина тайёр кардани мутахассисони болаёқат бо роҳи кушодани шуъбаи муҳоҷират дар яке аз донишгоҳҳои мамлакат. Дар сурати имкон надоштани қабули ин пешниҳод хадамоти муҳоҷират ба ихтиёри Вазорати корҳои дохила гузошта шавад. Зеро дар Россия ин сохтор марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ҳамчунин, мушкилоти рақами аввали муҳоҷирон масъалаи ҳуқуқӣ мебошад.

Шашум, таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират бо шомил гардидани роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ.

Ҳафтум, таъсис додани вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати муҳоҷират. 

Ҳаштум, ба ҳайати Парлумони мамлакат интихоб намудани вакилони мардумӣ аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ.

Дар ҳолати иҷро гардидани масъалаҳои зикршуда, ба андешаи ман, Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират татбиқ намуда, онро дар рушди иқтисодию  иҷтимоии мамлакат самаранок истифода барад.

Анвар Бобоев,

собиқ сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

«Барқи тоҷик» чаро оҷиз аст?

Талафоти неруи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи он ҳамоно мушкилоти рақами як боқӣ монда, чунин ба назар мерасад, ки роҳбарияти ШСХК “Барқи Тоҷик”  дар ҳалли онҳо оҷизанд… Ҳарчанд талафоти барқ дар ҷумҳурӣ айни замон мутобиқи омори расмӣ 14 фоиз арзёбӣ мешавад, вале ашхоси огоҳ муътақиданд, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад, ки  боиси нигаронии ҷиддист. Андешае вуҷуд дорад, ки як қисмати “талафоти неруи барқ” дар заминаи дуздии он ба вуҷуд меояду бо “мусоидат”-и баъзе масъулини соҳа расман талафот ҳуҷҷатгузорӣ мешавад” .

“Мутахассисони соҳа бо шарти зикр нашудани номашон иброз доштанд, ки қисмати зиёди воситаҳои ченкунии нав ба ҷумҳурӣ вориду насб кардашуда ва пештар мавҷудбуда бидуни риояи муқаррароти қонун ва ҳуҷҷатҳои фавқуззикр, бе муҳру тамғаи санҷиши давлатӣ истифода мешаванд ва аксари зеристгоҳҳои барқӣ аз ҷиҳатӣ метрологӣ пурра бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин нестанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Инноватсия: чаро зиёд мешунавему кам мебинем?

Мисолҳое, ки дар зер оварда мешаванд муҳимтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши саноат мебошанд, ки  иҷрои онҳо дар давоми солҳои  2011-2020 ба нақша гирифта шудааст. Мутаассифона, то кунун аз онҳо “на пай ҳасту на ҳайдар”.

*Таҳия ва татбиқи моделҳои математикии муътадилгардонии реҷаҳои танзими ҷараёни об барои гидроэнергетика ва обёрӣ,

 *Сохтани дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо тавоноии электрикии 2,0 кВт,

* Коркард ва истифодаи технологияҳои ҳосил кардани кремний аз кварситҳо,

* истифодаи технологияи ҳосил кардани хӯлаҳои нав дар асоси алюминий бо нишондиҳандаҳои беҳтар,

* азхудкунии технологияи бевакуумии истеҳсоли лигатурҳои алюминийстронсий ва алюминийбарий барои истеҳсолоти рехтагарӣ,

* истифодаи технологияҳои гуногуни физикӣ ва химиявӣ барои барқарор сохтани сатҳҳои қисмҳои фарсудагардидаи таҷҳизот ва мошинҳо, коркард ва азхудкунии технологияи такмил

* истифодаи антрасит дар соҳаи саноат, коркард ва ҷорӣ намудани технологияи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад (Помири Ғарбӣ)

* барои истеҳсоли алюминий, истифодаи технологияи ғанигардонии маъданҳои фосфоритдори кони Қаратоғ

* ҳосил кардани нуриҳо аз орди фосфорӣ,

* татбиқи технологияи тоза кардани обҳои чоҳӣ (шахтавй) ва заҳбурии партовгоҳҳои саноати уранӣ бо истифодаи маводи хоми маҳаллӣ


Далер Мерганов, журналист  

Ку низоми ҳисобдорӣ?

Яке аз проблемаҳое, ки  дорем, набудани ҳисобдории аниқ аст. Дар замони шӯравӣ ҳисобдории дуруст доштем. Ҳама намуди фаъолияташро ба қайд мегирифт ва вобаста ба ҳамон андоз месупорид. Мутаассифона, вақте ки ба низоми нав гузаштем, мо ҳисобдориро аз даст додем. Махсусан, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ. Аз як совхоз 10-20 хоҷагии дигар ташкил шуд. Ва дар шакле кор мекунанд, ки дар он низоми ҳисобдорӣ нест. Мо имрӯз тақрибан 350 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ дорем. Аз ин тақрибан 32 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Яъне, онҳо тавозун доранд, ҳисобу китоб ва дар бонкҳо суратҳисоб кушодаанд. Даромаду хароҷоти худро ба  қайд мегиранд. Боқимонда надоранд. Дар Тоҷикистон беш аз 94 ҳазор тариқи патент фаъолият доранд,  мутаассифона, ҳисобу китоб надоранд. Албатта, барои худашон ҳисобро  ба қайд мегиранд, вале  барои давлат ҳисобот намедиҳанд. Бинобар ин, барои пуриқтидор кардани иқтисоди давлат низоми дурусти ҳисобдорӣ лозим аст, ки бояд  содакардашуда бошад. 

Шариф Раҳимзода,

 доктори илмҳои иқтисодӣ,

 раиси Кумита оид ба иқтисод

ва молияи МНМОҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *