Пешниҳоди Давлатзодаро қабул доред?

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, танзими талабот ва “бойкот”-ро аз чораҳои самарабахш хонд, ки ба гуфтаи ӯ дар кишвари мо алайҳи болобарии сунъии нархҳо истифода намешавад. 

Давлатзода ахиран зимни ҳамоиш дар мавзӯи “Инъикоси масоили ғизо дар ВАО” гуфт, дар иқтисоди бозорӣ ду омил-талабот ва таклифот калидиянд: “Мо фақат аз нуқтаи назари таклифот амал мекунем, ки барои чӣ дар бозор фалон молро пешниҳод намекунед? Аммо барои чӣ мо талаботи худро танзим намекунем? Яъне барои чӣ “байкот” намекунем, вақте ба тариқи сунъӣ нархҳоро ду баробар дар арафаи Иди Рамазону дигар баланд мекунанд, барои чӣ мехарем? Як кас не, вақте дастаҷамъона мо метавонем, “бойкот” кунем, бозор танзим мешавад”.

Давлатзода аз сафараш ба як кишвар мисол овард, ки дар арафаи ид савдогарон ба далели афзоиши талабот ба писта, нархи онро боло бурданд: “Бояд писта ҳатман болои дастархони идона бошад ва савдогарон нархро боло бурданд. ВАО ба по хест, руҳониён фатво доданд, ки ба далели гаронӣ шумо метавонед, хони идона бидуни писта ороед. Ҳатто фатво доданд, ки хариди он бо нархи гарон ҳаром аст, ба хотири он ки аз луқмаи фарзандатон мезанеду кам мекунед”.

Ба гуфтаи Давлатзода чунин иқдом боиси муфлисии афроде гардид, ки хостанд аз ниёзи мардум сӯиистифода кунанд ва кор бо он анҷомид, ки нархи писта беш аз пеш арзон шуд: “Аммо мо мутаассифона танзимро аз тариқи талабот ҳанӯз истифода намебарем. Маҷбур мекунем, ки деҳқон маҳсулоташро арзон кунад. Барои чӣ? Барои он ки мо фақат пули кисаи худамонро ҳисоб мекунем, ки маоши ман ин қадар аст. Фикри деҳқонро кам мекунем”.

Давлатзода инчунин пешниҳоди бархе аз рӯзноманигорон, масъулин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҷой додани деҳқон дар бозорҳо қобили қабул намедонад: “Вақте деҳқон дар бозор мешинад, кори ӯро кӣ мекунад? Ҷараёни кишоварзӣ якрӯза нест, давоми сол меравад. Ҳар кас бояд кори худашро кунад”.

Ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз мушкилоти аслии марбут ба танзими нархҳоро дар кишвар набудани як захираи иттилоотӣ хонд, ки метавонад барои пешгӯии нарху навои зироатҳо барои солҳои минбаъда мусоидат намояду деҳқон дар бораи дурнамои нархҳо иттилое дошта бошад.
Ба ақидаи Давлатзода бояд дар Тоҷикистон биржаи молу ашё дар шакли наву муосир эҳё шавад, ки тариқи он хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ роҳандозӣ гардад: “Тариқи электронӣ дар биржа иттилоъ пешниҳод мешавад, ки фарзан ман дар Ҷиргатол 10 тонна сабзӣ дорам ва нархаш сари замин фалон аст. Вақте иттилоъ пешниҳод мешавад, деҳқон ба ҳеч ҷо намеравад, савдогар мераваду меорад. Чун ҳамаи иттилоъ дар биржа пешниҳод шудааст, шумо аллакай медонед, ки маҳсулот аз сари замин чӣ қадар нарх дошт ва ба он хароҷоти интиқол зам мешавад. Дар ин сурат имкон дорад, ки меъёри фоидаи савдогар танзим шавад”.
Пешниҳоди Давлатзода барои “бойкот”-у танзими талабот дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи идҳо ба далели афзоиши талабот нархҳо боло мераванд. Шумо ин пешниҳодро қабул доред?

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *