Вера Глаголева даргузашт

Ҳунарманди шинохати рус Вера Глаголева дар синни 61-солагӣ даргузашт. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия рӯзи 16 август гузориш доданд.

Гузоришҳо аз қавли дӯстони Галаголева ва созмони ҳунармандони синамо мегӯянд, ки ин ҳунарманди синамо дар бемористони Амрико даргузашт.

Сабаби марги ӯ рушан нест.

Вера Глаголева дар замони Шӯравӣ бо нақше дар филми «Қӯҳои сафедро накушед» (1980) ва «Издивоҷи капитан» (1985) шӯҳратёр шуд.

Ӯ шаш филмро коргардонӣ карда, ҳамчунин филмнома навиштааст ва дар бахши таҳияву танзим низ кор кардааст.

Филми охирине, ки Глаголева коргардонаш буд, драммаи «Ду зан» аст, ки соли 2014 дар асоси достони Иван Тургенев ва актер Ралф Файнс таҳия шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *