Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон  Оқохони IV даргузашт

Шоми 4-уми феврал шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар шаҳри Лисабони Португалия дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора “Diwan of The Ismaili Imamat” хабар додааст.

Шоҳзода Карим Оғохони IV дар Лиссабони Португалия “дар иҳотаи оилааш оромона даргузашт», гуфта мешавад дар изҳороти хайрияи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Шоҳзода Карим Оғохони IV дар тӯли умраш ба кӯмаки башардӯстона машғул буд.

Бунёди Рушди Оғохон, ки соли 1967 таъсис ёфтааст, изҳор дошт, ки фаъолияти худро барои беҳтар кардани зиндагии мардум дар саросари ҷаҳон, новобаста аз мансубияти динӣ ва пайдоиши онҳо идома медиҳад. Ин фонд лоиҳаҳои зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон, азҷумла дар Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV барои кӯмакҳои бешумор ва дастгирии ҷомеа дар рушди самтҳои гуногуни ҳаёт аз ҷониби журнали “Paris” “Имом бо қалби тиллоӣ” номида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *