Пирўзӣ ва шикасти Тоҷикистон аз Русия

Рўзҳои 7 ва 8-уми ноябр дар Қасри теннис ва варзиши обии Душанбе вохўриҳои дўстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Русия баргузор шуданд.

Бозии аввал бо бартарии дастаи Русия, ки дар мусобиқаҳои Аврупову ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст, оғоз шуда бошад ҳам, идомаи вохўрӣ дар зери назорати шогирдони Пайрав Воҳидов буд. Ҳамин буд, ки онҳо бо натиҷаи 10:7 пирўз шуданд. Дар ин бозӣ Янар Асадов аз дастаи Русия 5 гол зад, Файзалӣ Сардоров аз дастаи Тоҷикистон 4 голро ба номи худаш навишт.

Шоми 8-уми ноябр бозии дуюми дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Русия дар ҳамин толор баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Русия тавонист қусури бохти рўзи гузаштаро гирад. Бозӣ бо бартарии меҳмонон гузашт ва бо натиҷаи 2:6 бар нафъи онҳо ба охир расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *