Пирўзии Тоҷикистон бар Баҳрайн дар бозии аввал

То 8-уми октябр дар кишвари Кувайт бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё оид ба футзал баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд дастаҳои мунтахаби 16 кишвар ширкат меварзанд.

Дастаҳо ба чор гуруҳ ҷудо шудаанд, ки ду дастаи беҳтарин аз ҳар гуруҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Чемпионати футзали Осиё дар Кувайт бо бозии дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркманистон оғоз шуд. Даврон Чориев аз ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Туркманистон гол зад, ки голи аввалини Чемпионати Осиё-2022 гардид. Ин бозӣ бо натҷиаи 8:0 бар нафъи Ӯзбекистон ба охир расид. Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркманистон шомили гуруҳи «В» мебошанд, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Баҳрайн бо ин дастаҳо дар як гуруҳ қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалаш бо дастаи Баҳрайн бозӣ кард. Бозӣ бо натиҷаи 3:4 бар нафъи Тоҷикистон ба анҷом расид. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Умед Қузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров заданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *